https://sputnik.tj/20210212/5-kormandi-rondashudai-maqomoti-andoz-1032812417.html
Аз мансаб сабукдӯш шуданд: Воҳидов 5 корманди рондашудаи мақомоти андозро ном бурд
Аз мансаб сабукдӯш шуданд: Воҳидов 5 корманди рондашудаи мақомоти андозро ном бурд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Суғд панҷ корманди идораи андозро бо ҷурми даст задан ба ҷиноят дар вақти фаъолияти корӣ аз вазифа сабукдӯш кардаанд 12.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-12T09:50+0500
2021-02-12T09:50+0500
2021-04-23T17:06+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
андоз
мақомот
ронда шудан
барканорӣ
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103072/73/1030727305_0:130:2048:1289_1920x0_80_0_0_15bb692d889c67c3db983b2f0c71db63.jpg
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Абдуқаюм Воҳидов, сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ дар бораи барканории панҷ корманди ин ниҳод иттилоъ дод.Бино ба иттилои манбаъ, ин панҷ корманди идораҳои нозироти андоз соли гузашта дар ду ҳолат ҷиноят содир намудаанд ва ба ҳамин сабаб аз вазифа сабукдӯш шудаанд.Воҳидов дар посух ба саволи рӯзноманигорон аз панҷ корманди рондашуда ном бурд ва тавзеҳ дод, ки онҳо кормандони кадом идораҳои андоз буданд.Дар феҳрасти барканоршудаҳо инчунин Ғафуров Парвизҷон ва Шарипов Орифҷон сармутахассисони нозироти андози шаҳри Бӯстон номбар шуданд. Абдуқаюм Воҳидов таъкид намуд, ки барои коҳиш додани иртиботи андозсупоранда бо андозситон, ки эҳтимол боиси рух додани амалҳои коррупсионӣ мегардад, соли гузашта аз сӯи мақомоти андоз 20 барномаи нави компутерӣ насб ва мавриди корбурд қарор дода шудааст."Ҳоло дар идораҳои нозироти андоз дар вилояти Суғд шумори чунин барномаҳои компутерӣ ба 56 адад баробар шудааст, ки тавассути онҳо 56 ҳазор андозсупоранда метавонад бе омадан ба назди андозситон эъломияҳои андозиро супорад", - қайд намуд Воҳидов.
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103072/73/1030727305_125:442:1593:1365_1920x0_80_0_0_6b72ae44549fe64f0b5408b48c4f93ca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, андоз, мақомот, ронда шудан, барканорӣ, суғд
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, андоз, мақомот, ронда шудан, барканорӣ, суғд
Аз мансаб сабукдӯш шуданд: Воҳидов 5 корманди рондашудаи мақомоти андозро ном бурд
09:50 12.02.2021 (Навсозишуда: 17:06 23.04.2021) Дар Суғд панҷ корманди идораи андозро бо ҷурми даст задан ба ҷиноят дар вақти фаъолияти корӣ аз вазифа сабукдӯш кардаанд
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Абдуқаюм Воҳидов, сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ дар бораи барканории панҷ корманди ин ниҳод иттилоъ дод.
Бино ба иттилои манбаъ, ин панҷ корманди идораҳои нозироти андоз соли гузашта дар ду ҳолат ҷиноят содир намудаанд ва ба ҳамин сабаб аз вазифа сабукдӯш шудаанд.
Воҳидов дар посух ба саволи рӯзноманигорон аз панҷ корманди рондашуда ном бурд ва тавзеҳ дод, ки онҳо кормандони кадом идораҳои андоз буданд.
"Бобоев Даврон Мухторҷонович, мудири бахши нозироти андоз дар шаҳри Бӯстон, Муродов Мирзобек Баҳруллоевич, сармутахасиси нозироти андози ноҳияи Зафаробод, Ҷумъаев Олимхон Муродхонович, муовини сардори нозироти андози ноҳияи Ҷаббор Расулов бо гумони содир кардани ҷиноят аз вазифа сабукдӯш шуданд", - гуфт сардори Раёсати андоз.
Дар феҳрасти барканоршудаҳо инчунин Ғафуров Парвизҷон ва Шарипов Орифҷон сармутахассисони нозироти андози шаҳри Бӯстон номбар шуданд.
Абдуқаюм Воҳидов таъкид намуд, ки барои коҳиш додани иртиботи андозсупоранда бо андозситон, ки эҳтимол боиси рух додани амалҳои коррупсионӣ мегардад, соли гузашта аз сӯи мақомоти андоз 20 барномаи нави компутерӣ насб ва мавриди корбурд қарор дода шудааст.
"Ҳоло дар идораҳои нозироти андоз дар вилояти Суғд шумори чунин барномаҳои компутерӣ ба 56 адад баробар шудааст, ки тавассути онҳо 56 ҳазор андозсупоранда метавонад бе омадан ба назди андозситон эъломияҳои андозиро супорад", - қайд намуд Воҳидов.