https://sputnik.tj/20210211/tojikiston-rusiya-muhojir-kor-1032806138.html
Русия 20 ҳазор муҳоҷири тоҷикро интизор: аз изҳороти Песков то дархости Ҳукумати Маскав
Русия 20 ҳазор муҳоҷири тоҷикро интизор: аз изҳороти Песков то дархости Ҳукумати Маскав
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз Русия дархости интиқоли 20 ҳазор муҳоҷирро дарёфт кард: танҳо Ҳукумати Маскав аз Тоҷикистон 1,5 ҳазор нафарро интизор аст 11.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-11T12:05+0500
2021-02-11T12:05+0500
2021-04-19T16:54+0500
муҳоҷират
дар тоҷикистон
дар русия
кор
муҳоҷир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/14/1032657112_0:21:1271:735_1920x0_80_0_0_a9410dd8488de5162862bfde167307ff.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Русия омода аст, ки аз Тоҷикистон 20 ҳазор муҳоҷирро қабул кунад, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба муовини вазири муҳоҷирати Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ."То имрӯз мо аз Русия дархости интиқоли 20 ҳазор муҳоҷирро тариқи истихдоми созмонӣ пайдо кардем", - гуфтааст муовини вазир.Дар ҳамин ҳол, танҳо ба вилояти Краснодарск 10 ҳазор муҳоҷир барои соҳаи сохтмон дархост карда мешавад.Ба қавли ӯ, дархост аз худи кордиҳандагон ба вазорат ва Агентии кор дар хориҷа ворид мегарданд."Асосан кордиҳандагоне муроҷиат мекунанд, ки бо муҳоҷирони мо то замони пандемӣ кор мекарданд", - афзудааст муовини вазир.Ёдрас мешавем, дар охирҳои январ нахустин гурӯҳи муҳоҷирон аз Тоҷикистон иборат аз 171 нафар вориди Русия шуданд. Ҳамаи онҳо пас аз фаро гирифта шудан ба карантин дар сохтмонҳои Иркутск кор хоҳанд кард.Интизор меравад, ки боз ҳудуди 200 муҳоҷири тоҷик рӯзҳои наздик ба Русия сафар кунанд.Ҳамчунин, ба гуфтаи Шаҳноза Нодирӣ, Ҳукумати Маскав низ барои кор дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ 1500 нафар дархрост кардааст.Нодири гуфт, ки Вазорати меҳнати Тоҷикистон ният доранд курсҳои омӯзишии муҳоҷирони кории соҳибихтисосро дар заминаи коллеҷҳои техникӣ аз сар гиранд, ки ин масъала ҳангоми кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар Маскав баррасӣ шуда буд.Кремл имкони кушода шудани марзҳоро барои муҳоҷирон арзёбӣ кардДар ҳамин ҳол, пештар котиби раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки Ҳукумат имконияти ифтитоҳи марзҳоро барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ дорад.
https://sputnik.tj/20210209/murivat-malikshoev-muhojir-irkutsk-sokhtmon-1032788370.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/14/1032657112_0:0:1271:953_1920x0_80_0_0_010355fd9c29079925b6570bbef3561a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, дар тоҷикистон, дар русия, кор, муҳоҷир
муҳоҷират, дар тоҷикистон, дар русия, кор, муҳоҷир
Русия 20 ҳазор муҳоҷири тоҷикро интизор: аз изҳороти Песков то дархости Ҳукумати Маскав
12:05 11.02.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Тоҷикистон аз Русия дархости интиқоли 20 ҳазор муҳоҷирро дарёфт кард: танҳо Ҳукумати Маскав аз Тоҷикистон 1,5 ҳазор нафарро интизор аст
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Русия омода аст, ки аз Тоҷикистон 20 ҳазор муҳоҷирро қабул кунад, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба муовини вазири муҳоҷирати Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ.
"То имрӯз мо аз Русия дархости интиқоли 20 ҳазор муҳоҷирро тариқи истихдоми созмонӣ пайдо кардем", - гуфтааст муовини вазир.
Дар ҳамин ҳол, танҳо ба вилояти Краснодарск 10 ҳазор муҳоҷир барои соҳаи сохтмон дархост карда мешавад.
"Дархост аз Русия ба қувваи корӣ аз Тоҷикистон гуногун аст: аз коргар дар соҳаи сохтмон то бофандагону мутахассисони технологияи хӯрокворӣ", - таъкид кардааст Нозирӣ.
Ба қавли ӯ, дархост аз худи кордиҳандагон ба вазорат ва Агентии кор дар хориҷа ворид мегарданд.
"Асосан кордиҳандагоне муроҷиат мекунанд, ки бо муҳоҷирони мо то замони пандемӣ кор мекарданд", - афзудааст муовини вазир.
Ёдрас мешавем, дар охирҳои январ нахустин гурӯҳи муҳоҷирон аз Тоҷикистон иборат аз 171 нафар вориди Русия шуданд. Ҳамаи онҳо пас аз фаро гирифта шудан ба карантин дар сохтмонҳои Иркутск кор хоҳанд кард.
Интизор меравад, ки боз ҳудуди 200 муҳоҷири тоҷик рӯзҳои наздик ба Русия сафар кунанд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи Шаҳноза Нодирӣ, Ҳукумати Маскав низ барои кор дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ 1500 нафар дархрост кардааст.
Нодири гуфт, ки Вазорати меҳнати Тоҷикистон ният доранд курсҳои омӯзишии муҳоҷирони кории соҳибихтисосро дар заминаи коллеҷҳои техникӣ аз сар гиранд, ки ин масъала ҳангоми кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар Маскав баррасӣ шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, пештар котиби раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки Ҳукумат имконияти ифтитоҳи марзҳоро барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ дорад.