https://sputnik.tj/20210211/sirenai-navi-baroi-kuli-Sarez-kor-medaroyad-1032808045.html
Бонг аз Афғонистон то Ӯзбекистон: маълум шуд, кай сиренаи нави кӯли Сарез ба кор медарояд
Бонг аз Афғонистон то Ӯзбекистон: маълум шуд, кай сиренаи нави кӯли Сарез ба кор медарояд
Sputnik Тоҷикистон
Низоми нави огоҳкунанда аз мардуми Афғонистон то шаҳрвандони Ӯзбекистонро аз хатар огоҳ хоҳад кард 11.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-11T16:00+0500
2021-02-11T16:00+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
сарез
кӯли сарез
масъалаи кӯли сарез
канддашавии саргаҳи сарез
бонги хатар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101856/14/1018561457_0:89:2326:1397_1920x0_80_0_0_3a69dc00b7c59450b6e668af61669a34.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, Рустам Назарзода имрӯз дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, кай низоми нави огоҳии барвақтӣ ва мониторинги кӯли Сарез ба кор медарояд.Ба гуфти Назарзода, бо назардошти зарурати такмил, беҳтар намудан ва васеъ кардани системаи огоҳии зудҳангом ва мониторинги кӯли Сарез дар доираи татбиқи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ, ки аз ҷониби Бонки осиёии рушд сармоягузорӣ мешавад, моҳи сентябри соли 2020 интихоби ширкаткунандагон ба анҷом расид.Дар ин росто, 13 ноябри соли 2020 муоҳада барои расонидан ва насби системаи нав ва ба истифода додани он дар кӯли Сарез имзо шуд.Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, шарҳ дод, ки система аз ҷониби ширкати итолёвии "САЕ", ки яке аз пешгомони ҷаҳонӣ дар гузоштани системаи огоҳсозии бармаҳал мебошад, амалӣ карда мешавад.Сӯҳбат баъди сайри Сарез: “Аждаҳои хуфта” ё муъҷизаи безарари табиат?Ин система аз сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон то ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, ки бо вилояти Сурхандарёии Ӯзбекистон ҳаммарз мебошад, мегузарад.Кӯли Сарез: офати табиӣ ё муъҷизае дар кӯҳҳои ПомирДар айни замон системаи огоҳии бармаҳал (сирена, алоқаи радиоӣ) то ноҳияи Рӯшон гузошта шудааст.
сарез
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101856/14/1018561457_173:0:2153:1485_1920x0_80_0_0_6ff9f4afa337a8f743f4973f9b78c412.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, сарез, кӯли сарез, масъалаи кӯли сарез, канддашавии саргаҳи сарез, бонги хатар
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, сарез, кӯли сарез, масъалаи кӯли сарез, канддашавии саргаҳи сарез, бонги хатар
Бонг аз Афғонистон то Ӯзбекистон: маълум шуд, кай сиренаи нави кӯли Сарез ба кор медарояд
16:00 11.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Низоми нави огоҳкунанда аз мардуми Афғонистон то шаҳрвандони Ӯзбекистонро аз хатар огоҳ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, Рустам Назарзода имрӯз дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, кай низоми нави огоҳии барвақтӣ ва мониторинги кӯли Сарез ба кор медарояд.
Ба гуфти Назарзода, бо назардошти зарурати такмил, беҳтар намудан ва васеъ кардани системаи огоҳии зудҳангом ва мониторинги кӯли Сарез дар доираи татбиқи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ, ки аз ҷониби Бонки осиёии рушд сармоягузорӣ мешавад, моҳи сентябри соли 2020 интихоби ширкаткунандагон ба анҷом расид.
Дар ин росто, 13 ноябри соли 2020 муоҳада барои расонидан ва насби системаи нав ва ба истифода додани он дар кӯли Сарез имзо шуд.
"Қарор аст моҳи августи соли 2021 системаи нав ба истифода дода шавад", - гуфт Рустам Назарзода.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, шарҳ дод, ки система аз ҷониби ширкати итолёвии "САЕ", ки яке аз пешгомони ҷаҳонӣ дар гузоштани системаи огоҳсозии бармаҳал мебошад, амалӣ карда мешавад.
Ин система аз сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон то ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, ки бо вилояти Сурхандарёии Ӯзбекистон ҳаммарз мебошад, мегузарад.
Дар айни замон системаи огоҳии бармаҳал (сирена, алоқаи радиоӣ) то ноҳияи Рӯшон гузошта шудааст.