Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон барои расидан ба сулҳ аз Афғонистон пуштибонӣ мекунад

© Фото : Пресс служба Президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон и Ашраф Гани- президент Афганистана
Эмомали Рахмон и Ашраф Гани- президент Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2021
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон таъкид кард, ки Тоҷикистон аз Ҳукумати  Афғонистон дар доираи талошҳо ҷиҳати истиқрори сулҳ ҳамеша пуштибонӣ мекард ва дар ин мавкеъ минбаъд низ устувор хоҳад монд
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ телефонӣ суҳбат кард.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, зимни суҳбат ҷонибҳо дар бораи мавзӯоти мубрами байналмилаливу минтақавӣ табодули назар карданд.
Аз ҷумла, ба раванди сулҳи байниафғонӣ ва дар ин замина пайдо намудани роҳҳои самараноки истиқрори сулҳу суботи сартосарӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки Тоҷикистон аз Ҳукумати  Афғонистон дар доираи талошҳои пайвастаи он ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва бозсозии  кишвар ҳамеша пуштибонӣ мекард ва дар ин мавкеъ минбаъд низ устувор хоҳад монд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо алоқамандии худро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъдаи равобити судманди дуҷониба дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва иҷтимоиёт иброз намуданд.
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2021
Тоқаев кишвардори Афғонистон Ашраф Ғаниро ба Қазоқистон хонд
Президентҳои ду кишвар дар мавриди масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният низ табодули афкор намуда, вазъи кунуниро дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин зимн кишвардори Тоҷикистон, аҳаммияти тақвияти шарикии ду кишварро дар мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир, ҳамчунин таъмини амнияти сарҳадот махсус таъкид кард.
Мақомоти Афғонистон: дигар ҳаргиз зиндониёни Толибонро озод намекунем
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо масъалаи баргузории Конфронси нуҳуми  вазирони корҳои хориҷии "Қалби Осиё – Раванди  Истамбул"-ро баррасӣ карда, ҷиҳати доир намудани ин ҳамоиш дар охири марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Афғонистон ба мувофиқа расиданд.
Лентаи хабарҳо
0