https://sputnik.tj/20210210/Kreml-marz-muhojiron-1032801624.html
Кремл имкони кушода шудани марзҳоро барои муҳоҷирон арзёбӣ кард
Кремл имкони кушода шудани марзҳоро барои муҳоҷирон арзёбӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи кишвардори Русия Дмитрий Песков пешниҳоди Вазорати кишоварзӣ бобати кушодани марз ба рӯи муҳоҷиронро шарҳ дод 10.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-10T19:02+0500
2021-02-10T19:02+0500
2021-08-10T14:39+0500
ҳамаи хабарҳо
дар русия
муҳоҷират
кремл
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032717985_0:0:3074:1730_1920x0_80_0_0_5123004fba318b1ae5ff450d80792b71.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Масъалаи соддагардонии вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия ҳоло дар ҳукумат мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, изҳор дошт Дмитрий Песков сухангӯи президенти ин кишвар."Ин масъала роҷеъ ба ҳукумат аст", - изҳор дошт Песков дар шарҳи пешниҳоди вазорат барои вуруди муҳоҷирон.Зимнан, Песков илова намуд, ки ҳоло Владимир Путин роҷеъ ба ин масъала ягон қарор қабул накардааст.Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати кишоварзии Русия пешниҳод намуд, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ имкони вуруд шудан ба Русия дода шавад, то тавонанд дар заминҳои кишти минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия фаъолият кунанд.Пешниҳоди мазкур дар ҳоле садо дод, ки вазорат аз норасоии қувваи корӣ дар минтақаҳои Русия барои ҷамъоварии ҳосилот дар соли ҷорӣ нигаронӣ карда буд.Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки як қатор равандҳо дар соҳаи кишоварзӣ ҷалби коргарони иловагии хориҷаро, ки таҷриба ва дониши зарурӣ доранд, тақозо мекунад.Маликшоев роҳи русияравиро гуфт: аз пешвозу фатирхӯрии ноиби губернатор то маошу роҳпулӣРусия мобайнҳои моҳи март бинобар авҷи маризии коронавирус марзҳояшро баст. Дар ин росто вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ низ ба қаламрави ин кишвар мушкилзо шуд.Қаблан дар сохтмонҳои Русия низ аз камбуди бунёдкорон гузориш мешуд. Зимнан, бо пешниҳоди иморатсозон, Ҳукумати Русия ба теъдоди муайяни муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қазоқистону Туркия имкони вуруд шуданро, муҳайё намуд.
https://sputnik.tj/20210210/Vaziri-maqomoti-Rusiya-muhojirat-mehnati-1032794139.html
кремл
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032717985_224:0:2955:2048_1920x0_80_0_0_f1dd2f62224b842d9430df1f360eaf2c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар русия, муҳоҷират, кремл, марз
ҳамаи хабарҳо, дар русия, муҳоҷират, кремл, марз
Кремл имкони кушода шудани марзҳоро барои муҳоҷирон арзёбӣ кард
19:02 10.02.2021 (Навсозишуда: 14:39 10.08.2021) Сухангӯи кишвардори Русия Дмитрий Песков пешниҳоди Вазорати кишоварзӣ бобати кушодани марз ба рӯи муҳоҷиронро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Масъалаи соддагардонии вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия ҳоло дар ҳукумат мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, изҳор дошт Дмитрий Песков сухангӯи президенти ин кишвар.
"Ин масъала роҷеъ ба ҳукумат аст", - изҳор дошт Песков дар шарҳи пешниҳоди вазорат барои вуруди муҳоҷирон.
Зимнан, Песков илова намуд, ки ҳоло Владимир Путин роҷеъ ба ин масъала ягон қарор қабул накардааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати кишоварзии Русия пешниҳод намуд, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ имкони вуруд шудан ба Русия дода шавад, то тавонанд дар заминҳои кишти минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия фаъолият кунанд.
Пешниҳоди мазкур дар ҳоле садо дод, ки вазорат аз норасоии қувваи корӣ дар минтақаҳои Русия барои ҷамъоварии ҳосилот дар соли ҷорӣ нигаронӣ карда буд.
Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки як қатор равандҳо дар соҳаи кишоварзӣ ҷалби коргарони иловагии хориҷаро, ки таҷриба ва дониши зарурӣ доранд, тақозо мекунад.
Русия мобайнҳои моҳи март бинобар авҷи маризии коронавирус марзҳояшро баст. Дар ин росто вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ низ ба қаламрави ин кишвар мушкилзо шуд.
Қаблан дар сохтмонҳои Русия низ аз камбуди бунёдкорон гузориш мешуд. Зимнан, бо пешниҳоди иморатсозон, Ҳукумати Русия ба теъдоди муайяни муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қазоқистону Туркия имкони вуруд шуданро, муҳайё намуд.