https://sputnik.tj/20210209/yoqutiston-kor-muhojiron-mahdud-shud-1032788328.html
Дар Ёқутистон кор барои муҳоҷирон дар 33 бахш маҳдуд шуд
Дар Ёқутистон кор барои муҳоҷирон дар 33 бахш маҳдуд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Ёқутистон рӯйхати фаъолиятҳоеро тасдиқ кард, дар он то охири сол кор барои муҳоҷирон мамнӯъ аст 09.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-09T14:15+0500
2021-02-09T14:15+0500
2021-08-10T14:39+0500
ҳамаи хабарҳо
муҳоҷират
кор
ёқутистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0e/1032618847_0:67:2873:1683_1920x0_80_0_0_cd0e397a248ddad884a5e5362191aa80.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар Ёқутистон фаромне сари кор омад, ки манъи кор барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар соҳаҳои иқтисодро дар бар мегирад.Қарори дахлдорро роҳбари вилоят Айсен Николаев қабул кардааст.Маҳдудияти кор танҳо ба он хориҷиёне, дахл дорад, ки ба Ёқутистон барои кор дар асоси патент меоянд.Ҳамин тариқ, кори муҳоҷирон дар 33 намуди фаъолият манъ карда шуд.Кори муҳоҷирон дар бахши боркашонӣ ва мусофирбарӣ, кори меҳмонхонаҳо ва савдо манъ карда шуданд.Тибқи ин санад, рӯйхат ҳамчунин кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, истеҳсоли мебел, маҳсулоти хӯрокворӣ, тахриби биноҳо, таҳияи лоиҳаҳои сохтмонӣ ва ҳатто парвариши моҳиро дар бар мегирад.Муҳоҷири тоҷик миёни 5 фарзанд ва маъшуқаи 16 – сола, охиронро интихоб кард – наворҒайр аз ин, ба муҳоҷирон ҳам тиҷорати яклухт ва ҳам чакана манъ шудааст. Ин ҷо маҳдудият ба фурӯши ҳама намуди маҳсулот дахл дорад, ба истиснои фурӯши мошинҳо ва мотосиклҳо.Зиёда аз ин, шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва илмӣ кор кунанд.Муҳоҷири тоҷикро дар Русия барои пешниҳоди ришва ба корманди БДА зиндон кардандТибқи санади нашршуда, дар ҳоле ки манъи он барои соли 2021 муқаррар шудааст, бояд қайд кард, ки чунин маҳдудиятҳо навгонӣ нестанд, онҳо соли 2019 низ ҷорӣ шуда буданд.
https://sputnik.tj/20210114/muhojiron-az-musofirkashoni-mahrum-meshawand-1032620678.html
ёқутистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0e/1032618847_45:0:2530:1864_1920x0_80_0_0_8ef4ff284391617fcbc76d2293bcf63c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, муҳоҷират, кор, ёқутистон
ҳамаи хабарҳо, муҳоҷират, кор, ёқутистон
Дар Ёқутистон кор барои муҳоҷирон дар 33 бахш маҳдуд шуд
14:15 09.02.2021 (Навсозишуда: 14:39 10.08.2021) Ҳукумати Ёқутистон рӯйхати фаъолиятҳоеро тасдиқ кард, дар он то охири сол кор барои муҳоҷирон мамнӯъ аст
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар Ёқутистон фаромне сари кор омад, ки манъи кор барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар соҳаҳои иқтисодро дар бар мегирад.
Қарори дахлдорро роҳбари вилоят Айсен Николаев қабул кардааст.
Маҳдудияти кор танҳо ба он хориҷиёне, дахл дорад, ки ба Ёқутистон барои кор дар асоси патент меоянд.
Ҳамин тариқ, кори муҳоҷирон дар 33 намуди фаъолият манъ карда шуд.
Кори муҳоҷирон дар бахши боркашонӣ ва мусофирбарӣ, кори меҳмонхонаҳо ва савдо манъ карда шуданд.
Тибқи ин санад, рӯйхат ҳамчунин кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, истеҳсоли мебел, маҳсулоти хӯрокворӣ, тахриби биноҳо, таҳияи лоиҳаҳои сохтмонӣ ва ҳатто парвариши моҳиро дар бар мегирад.
Ғайр аз ин, ба муҳоҷирон ҳам тиҷорати яклухт ва ҳам чакана манъ шудааст. Ин ҷо маҳдудият ба фурӯши ҳама намуди маҳсулот дахл дорад, ба истиснои фурӯши мошинҳо ва мотосиклҳо.
Зиёда аз ин, шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва илмӣ кор кунанд.
Тибқи санади нашршуда, дар ҳоле ки манъи он барои соли 2021 муқаррар шудааст, бояд қайд кард, ки чунин маҳдудиятҳо навгонӣ нестанд, онҳо соли 2019 низ ҷорӣ шуда буданд.