Суҳбати телефонии Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкВстреча глав МИД РФ и Таджикистана С. Лаврова и С. Мухриддина
Встреча глав МИД РФ и Таджикистана С. Лаврова и С. Мухриддина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2021
Обуна шудан
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои русиягияш, Сергей Лавров суҳбати телефонӣ анҷом додааст
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров бо зикри он, ки Тоҷикистон имсол роҳбарӣ дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба уҳда дорад, таҳкими ҳамкориҳо дар доираи ин созмонро баррасӣ кардаанд. 
Премьер-министр РТ Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Расулзода озими Маскав шуд: масъалаи парвозҳои мунтазам ҳал мешавад?
"Дар партави раёсати Тоҷикистон дар СААД ва ҷаласаҳои мақомоти оинномавии ин Созмон, ки имсол дар Душанбе баргузор мешаванд, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби СААД баррасӣ гардиданд", - омадааст дар иттилоияи расмӣ.
Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавии дигар, аз ҷумла Иттиҳодио давлатҳои мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхайро мавриди баррасӣ қарор доданд
"Таъкид гардид, ки 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки ин рӯзҳо дар Маскав баргузор шуда истодааст, ба густариши бештари муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ саҳмгузор хоҳад буд", - иттилоъ дод Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо бори дигар ҳавасмандии худро барои таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷанба ва шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Русия таъкид намуданд.
Суҳбати вазирон дар ҳолест, ки феълан ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти роҳбарии нахуствазир, Қоҳир Расулзода дар шаҳри Маскав густариши ҳамкориро бо ҷониби Русия баррасӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0