Размикори тоҷик Фариддун Одилов аз дастгириҳои падараш гуфт- навори таъсибахш

Обуна шудан
Размикори тоҷик Фариддун Одилов аз дастгириҳо ва ҳамзамон сахтгирии падараш нақл кард ва гуфт нақши падар дар фаъолиятии варзишии ӯ назаррас аст
Варзишгари тоҷик Фаридун Одилов қабл аз мубориза барои гирифтани  унвони қаҳрамонӣ бо як варзишгари Русия дар мусобиқаи EFG дар як навори видеоӣ дар бораи падари худ сӯҳбат кард.
Ба нақли Одилов, падараш мураббии гуштии озод аст ва маҳз ӯ писарашро ба варзиш овардааст.
"Падари ман тамрини сахт дошт, самараи меҳнати ӯ дар тӯли 3-4 сол аллакай эҳсос мешуд. Пас аз тамринҳо бо падар ман бори аввал дар қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба самбои муҳориба ғолиб шудам.Аммо падарам куллан варзишро тарк кард", - изҳор дошт размикори тоҷик.
Одилов гуфт, вақте ки дар варзиш ӯ ба як қатор нокомиҳо рӯбарӯ шуд, маҳз падар дастгираш буд ва нагузошт то фарзанди ӯ тарки варзиш кунад.
Ба таъкиди ӯ, падараш ҳамаӯеша дар бари ӯ буд ва тавсия медод, то ба ҳар коре, ки оғоз намудам, набояд дар нимароҳ гузорам, балки то охир бояд рафт ва он гоҳ муваффақият насиб мегардад.
Талошҳои падари Одилов буд, ки рӯзи 9 феврал дар доираи мусобиқаи EFG, муҳорибаи асосӣ маҳз набарди варзишкори тоҷик Фаридун Одилов бо ҳамтои рус Сергей Калинен доир мешавад.
Лентаи хабарҳо
0