https://sputnik.tj/20210209/Pokiston-vaksina-Sputnik-V-1032789172.html
Покистон 22 - юмин давлат аст, ки ваксинаи "Спутник V"-ро сабти ном кард
Покистон 22 - юмин давлат аст, ки ваксинаи "Спутник V"-ро сабти ном кард
Sputnik Тоҷикистон
Ваксинаи сохти Русия алайҳи маризии коронавирусро ҳамакнун Ҷумҳурии Покистон низ сабти ном кард 09.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-09T16:01+0500
2021-02-09T16:01+0500
2021-02-09T16:10+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/09/1032787792_0:175:3021:1874_1920x0_80_0_0_fae6e108810d1f29647e585ceb4827fd.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Покистон 22-юмин кишваре шуд, ки ваксинаи "Спутник V" -ро тасдиқ кард. Ваксина дар Покистон тибқи иҷозатномаи истифодаи фавқулода дар асоси маълумоти озмоишҳои клиникӣ ба қайд гирифта шудааст.Бунёди сармоягузории мустақили Русия мегӯяд, агентии назорати маводи дорувории Покистон ба истифодаи ваксинаи коронавируси "Спутник V" иҷозат додааст.Қаблан ин бунёд хабар дод, ки ваксинаи сохти Русияро Брюсел низ писандидааст. Дар сурати дарёфти шаҳодатномаи тасдиқ ва ҷонибдории Комиссияи Аврупо ваксинаи тавлиди Русия метавонад ба таври мутамарказ ба Иттиҳоди Аврупо интиқол дода шавад.Иттиҳоди Аврупо, ҳанӯз қабл аз тасдиқи аввалияи ваксина дар бораи хариди мутамаркази он тасмим гирифтааст. Дар маҷмуъ созишномаҳо бо шаш тавлидгари ин ваксина баста шудаанд.Ҳамин тариқ Иттиҳоди Аврупо метавонад беш аз 2,3 миллиард вояи зидди коронавирусро гирад. Дар нақша аст, ки то охири тобистон ҳудуди 70 дарсади аврупоиҳо ваксина гиранд. Аммо дар ҳатфаҳои охир Иттиҳоди Аврупо дар тааъминот бо ваксина аз Pfizer/BioNTech ва AstraZeneca дучори мушкил шуд. Чунин таъхиркориҳои метавонанд, ҳадафҳои Брюсселро дар мавриди ҳаҷми эмгузаронӣ халалдор намоянд.
https://sputnik.tj/20210209/Ittihodi-Avrupo-sabti-Sputnik-V-1032788934.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/09/1032787792_146:0:2875:2047_1920x0_80_0_0_8042d2f71b0ba15ab2188784581fe34e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, тандурустӣ
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, тандурустӣ
Покистон 22 - юмин давлат аст, ки ваксинаи "Спутник V"-ро сабти ном кард
16:01 09.02.2021 (Навсозишуда: 16:10 09.02.2021) Ваксинаи сохти Русия алайҳи маризии коронавирусро ҳамакнун Ҷумҳурии Покистон низ сабти ном кард
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Покистон 22-юмин кишваре шуд, ки ваксинаи "Спутник V" -ро тасдиқ кард. Ваксина дар Покистон тибқи иҷозатномаи истифодаи фавқулода дар асоси маълумоти озмоишҳои клиникӣ ба қайд гирифта шудааст.
Бунёди сармоягузории мустақили Русия мегӯяд, агентии назорати маводи дорувории Покистон ба истифодаи ваксинаи коронавируси "Спутник V" иҷозат додааст.
Қаблан ин бунёд хабар дод, ки ваксинаи сохти Русияро Брюсел низ писандидааст. Дар сурати дарёфти шаҳодатномаи тасдиқ ва ҷонибдории Комиссияи Аврупо ваксинаи тавлиди Русия метавонад ба таври мутамарказ ба Иттиҳоди Аврупо интиқол дода шавад.
Иттиҳоди Аврупо, ҳанӯз қабл аз тасдиқи аввалияи ваксина дар бораи хариди мутамаркази он тасмим гирифтааст. Дар маҷмуъ созишномаҳо бо шаш тавлидгари ин ваксина баста шудаанд.
Ҳамин тариқ Иттиҳоди Аврупо метавонад беш аз 2,3 миллиард вояи зидди коронавирусро гирад. Дар нақша аст, ки то охири тобистон ҳудуди 70 дарсади аврупоиҳо ваксина гиранд. Аммо дар ҳатфаҳои охир Иттиҳоди Аврупо дар тааъминот бо ваксина аз Pfizer/BioNTech ва AstraZeneca дучори мушкил шуд. Чунин таъхиркориҳои метавонанд, ҳадафҳои Брюсселро дар мавриди ҳаҷми эмгузаронӣ халалдор намоянд.