Баъди шаш сол: ваъдаи шаҳрдори нави Хуҷанд дар бораи тақсими хона ба сокинон

© Sputnik / Амир ИсаевСтроительство аквапарка в Варзобе
Строительство аквапарка в Варзобе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2021
Обуна шудан
Сокинони хиёбони ба номи Раҳмон Набиев дар Хуҷанд бо гузашти шаш сол соҳиби хона хонаҳои худ хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Шаш сол пеш 32 хонаводаи ин маҳаллаи Хуҷанд бо ваъдаи бунёди шаҳраки чинӣ ё "сhina tawn" бовар намуда манзилҳои худро тахриб ва замини онро дар ихтиёри мақомот гузоштанд.
Ваъдаи сохтмони ин шаҳраки замонавӣ аз сӯи ҳокимони Хуҷанд дар канори рости руди Сир панҷ сол давом кард, вале ахиран дар оғози соли гузашта маълум шуд, ки "ях" дар сохтмони он об шуданӣ нест ва бар ивази манзилҳояшон аз бинои бунёдшаванда дар маҳаллаи 18 уми Хуҷанд ҳуҷраҳои истиқоматӣ дода мешавад.
Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд имрӯз дар нишаси хабарӣ масъалаи тақсими хонаҳои истиқоматӣ ба сокинони маҳаллаи ба номи Раҳмон Набиевро шарҳ дод.
"Сохтмони хонаҳо идома дорад. То иди Наврӯз ҳамаи хонаҳо омода мешавад ва ба ҳар яки онҳо хонаҳояшонро месупорем", -  гуфт Шарифзода.
Соли 2015 ҳудуди 1, 5 ҳазор метри мураббаъ замин аз ҳисоби манзилҳои истиқоматии ин гурӯҳи сокинон дар ихтиёри ширкати "Ҳусноро", ки ба гуфтаи мақомот моликонаш шаҳрвандони Чин гуфта мешуд вогузор карда шуд.
Связка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Муродов ба модари серфарзанд дар Душанбе хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим кард
Ин ширкат он замон ба 32 хонаводаи Хуҷанд ваъда дод, ки бар ивази заминҳояшон аз биноҳои навбунёди шаҳраки чинӣ хонаҳои истиқоматӣ медиҳад ва зарфи ду сол то замони омода шудани хонаҳои нав маблағи ҳуҷраҳои иҷроравиро пардохт мекунад.
Аммо ду соли пеш масъулони ҳукумати Хуҷанд гуфтанд, ки кори ҷониби чиниҳо ба мушкил мувоҷеҳ шуда ва онҳо аз сохтмони шаҳрак дар Хуҷанд даст кашидаанд.
Қарори замини ба шикрати чиниҳо вобасташуда бекор карда шуд ва масъулияти сохтмони биноҳоро худи ҳукумат ба зимма гирифт, вале боз ҳам корҳои сохтмонӣ оғоз нашуд.
Ширкати чинӣ даст кашид: Ҳукумати Хуҷанд гуфт, сокинон то охири сол соҳиби хона мешаванд
Ҳамин тавр ба далели бунёд нашудани "china tawn" шуморе аз сокинони Хуҷанд ҳудуди шаш сол ба ин тараф дар шароити ҳуҷраҳои иҷоравӣ зиндагӣ мекунанд.
Бино ба гуфти Фирдавс Шарифзода тақдими хонаҳои нав ба ин гурӯҳи сокинон дар арафаи иди Наврӯз дар назар дошта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0