Соҳибкорони Русия дар Кӯлоб корхонаи коркарди сабзавот месозанд

CC0 / Pixabay / Свежая капуста
Свежая капуста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Обуна шудан
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар масоҳати 309,3 гектар минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Интизор меравад, соҳибкорони Русия дар шаҳри Кӯлоб корхонаи муштараки сабзавотхушккунӣ таъсис диҳанд, хабар медиҳад котиботи раиси ин шаҳр.
Цех на предприятия и ООО «Вахдат Текстиль» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2021
Мақомоти Хатлон гуфт, дар соли ҷорӣ чанд корхонаи саноатӣ сохта мешавад
Ба иттилои манбаъ, дар корхонаи сабзавотхушккунанда коркарди пиёз, карам ва ғайра ба роҳ монда мешавад.
Тоҷикистон ба хориҷ пиёзи қоқ содир мекунад
Гуфта мешавад, соҳибкорони Русия ҷиҳати дарёфти бинои мувофиқ барои насби хатҳои технологӣ аз ҶСК "Сомонкӯлобтаҷҳизот" ва "Сано" дидан намуданд.
Бояд зикр намуд, ки соли 2019 дар шаҳри Кӯлоб 41 корхонаи саноатӣ фаъолият менамуд.
Барои ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар майдони 309,3 гектар Минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуд.
Дар назар аст, ки дар ин Минтақаи озоди иқтисодӣ зиёда аз 3750 ҷойи нави кор ва 3 ҳазор ҷойи кори мавсимӣ таъсис дода шаванд.
Лентаи хабарҳо
0