https://sputnik.tj/20210208/shohiyon-hukm-kabiri-sodir-1032783037.html
Шоҳиён гуфт, ҳукми Кабирӣ содир шуд, вале махфӣ аст
Шоҳиён гуфт, ҳукми Кабирӣ содир шуд, вале махфӣ аст
Sputnik Тоҷикистон
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон хабар дод, ки ҳукми роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати исломӣ, аллакай содир шудааст 08.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-08T16:46+0500
2021-02-08T16:46+0500
2021-07-07T18:38+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
шермуҳаммади шоҳиён
ҳукм
муҳиддин кабирӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101414/22/1014142257_0:0:1600:903_1920x0_80_0_0_4db84d4c1a15d643ff1902c5e6e818fd.jpg
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳукми ғоибонаи Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари мухолифин эълон шудааст.Шермуҳаммади Шоҳиён дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, парвандаи Кабирӣ, ки махфӣ буд, ҳамаҷониба тафтиш шуд.Ӯ гуфт, ин парванда аз ҷониби суд мавриди тафтиш қарор гирифт ва аллакай нисбати парвандаи мазкур санади судӣ қабул гардидааст.Муҳиддин Кабирӣ бар асоси 16 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2019 аз сӯи Додгоҳи олӣ дар ғайбаш маҳкум гардид.Дар феҳрасти моддаҳои Кодекси ҷиноӣ, ки Кабирӣ бар асоси он гунаҳкор дониста шудааст, моддаи 107 - одамкушӣ дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан, моддаи 189 - барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, моддаи 199 - тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, моддаи 313 - исёни мусаллаҳона, номбар шудаанд.“Одамкушӣ ҳангоми мудофиа”: бархе тафсилоти ҳукми махфии Кабирӣ дар ғайбашИнчунин таъкид шудааст, ки Кабирӣ бар асоси моддаи 195 - ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, моддаи 306 - бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, моддаи 307 - даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои дигар гунаҳкор дониста шуд.Худи Кабирӣ, ки феълан дар хориҷи кишвар паноҳ бурдааст, борҳо иттиҳомотро бепоя ва таъқибашро дорои ангезаи сиёсӣ хонда буд.Додгоҳи Тоҷикистон ҲНИТ-ро соли 2015 ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон намуда, фаъолияташро дар кишвар мамнӯъ эълон кард.
https://sputnik.tj/20200319/Az-Kabiri-to-koronavirusu-bozdoshti-guzorishi-Rahmon-dar-parlumon-1030910360.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101414/22/1014142257_99:0:1600:942_1920x0_80_0_0_8a6654831191947d6e3beba13ad0c072.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, шермуҳаммади шоҳиён, ҳукм, муҳиддин кабирӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, шермуҳаммади шоҳиён, ҳукм, муҳиддин кабирӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Шоҳиён гуфт, ҳукми Кабирӣ содир шуд, вале махфӣ аст
16:46 08.02.2021 (Навсозишуда: 18:38 07.07.2021) Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон хабар дод, ки ҳукми роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати исломӣ, аллакай содир шудааст
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳукми ғоибонаи Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари мухолифин эълон шудааст.
Шермуҳаммади Шоҳиён дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, парвандаи Кабирӣ, ки махфӣ буд, ҳамаҷониба тафтиш шуд.
Ӯ гуфт, ин парванда аз ҷониби суд мавриди тафтиш қарор гирифт ва аллакай нисбати парвандаи мазкур санади судӣ қабул гардидааст.
Муҳиддин Кабирӣ бар асоси 16 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2019 аз сӯи Додгоҳи олӣ дар ғайбаш маҳкум гардид.
Дар феҳрасти моддаҳои Кодекси ҷиноӣ, ки Кабирӣ бар асоси он гунаҳкор дониста шудааст, моддаи 107 - одамкушӣ дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан, моддаи 189 - барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, моддаи 199 - тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, моддаи 313 - исёни мусаллаҳона, номбар шудаанд.
Инчунин таъкид шудааст, ки Кабирӣ бар асоси моддаи 195 - ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, моддаи 306 - бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, моддаи 307 - даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои дигар гунаҳкор дониста шуд.
Худи Кабирӣ, ки феълан дар хориҷи кишвар паноҳ бурдааст, борҳо иттиҳомотро бепоя ва таъқибашро дорои ангезаи сиёсӣ хонда буд.
Додгоҳи Тоҷикистон ҲНИТ-ро соли 2015 ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон намуда, фаъолияташро дар кишвар мамнӯъ эълон кард.