Нигаронии роҳбари СҶБ аз тақсими ноодилонаи ваксина дар ҷаҳон

© AFP / INDRANIL MUKHERJEEВакцина от коронавируса
Вакцина от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Обуна шудан
Тедрос Гебрейесус роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт асосан аз кишварҳое гиламандӣ кард, ки ба истеҳсоли ваксина алайҳи коронавирус машғул ҳастанд
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Тедрос Гебрейесус роҳбари СҶБ мегӯяд, мутаассифона ҳоло шумори воксаншудагон аз теъдоди сироятёфтагон ба вируси корона зиёд шуд.
Ҳамзамон вай гуфт, ки аз чор се ҳиссаи эмшудагон дар 10 кишвари сарватманди олам зиндагонӣ мекунанд. 
Вакцина от коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2021
Аврупо ба "Спутник V" бовар кард: Олмон барои истеҳсоли ваксина замина омода кард
Тедрос аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки дар аксар ҳолатҳо нафароне эм мешаванд, ки ин маризӣ ба онҳо чандон хавф надорад.
Ӯ мегӯяд, мудоме, ки як кишвар ваксинаи алайҳи коронавирусро эҷод кард, онро бояд бо кишварҳое қисмат кунад, ки чунин имкониятро надоранд.
Тедрос Гебрейесус ҳамчунин гуфт, ки ҳар қадар мо эмкунии гурӯҳи хатарро кашол медиҳем, ҳамон андоза ба вирус имкон медиҳем, ки мутатсия шавад ва роҳҳои "фиреби" воксанҳоро пайдо кунад. 
Вазири тандурустӣ гуфт, 1,8 миллион тоҷикистонӣ ваксина мегиранд
Роҳбари СҶБ бар ин назар аст, ки агар вирус дар ҳама ҷо шикаст дода нашавад, эҳтимоли ба нуқтаи аввали авҷи ин маризӣ баргаштан имкон дорад.
Сарвари Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз кишварҳои дорои воксан даъват ба амал овард, ки онро бо дигарон қисмат кунанд, то мубориза бо вирус осонтар шавад.
Лентаи хабарҳо
0