https://sputnik.tj/20210208/istgoh--pul-khar-Rustami-Emomali-1032782083.html
Барои як истгоҳи нав чанд пул харҷ мешавад? шарҳи Рустами Эмомалӣ
Барои як истгоҳи нав чанд пул харҷ мешавад? шарҳи Рустами Эмомалӣ
Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, ки бо омаданаш ба мақоми роҳбарии пойтахти Тоҷикистон ба навсозии истгоҳҳо дар роҳу хиёбонҳо оғоз кард, ҳаҷми пулеро ки... 08.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-08T15:30+0500
2021-02-08T15:30+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
нақлиёт
нақлиёт
истгоҳҳои нав
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102468/20/1024682072_0:303:3000:2000_1920x0_80_0_0_7b88555024f3d066859bf4447077dc35.jpg
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе гуфтааст, ки феълан дар заминаи истгоҳҳои мавҷуда 47 истгоҳи нави замонавӣ сохта мешаванд.Ӯ аз ҷумла тавзеҳ дод, ки аз ҷониби раёсати сохтмони асосӣ бунёди 25 истгоҳ ба маблағи 7 миллион сомонӣ дар ҳоли анҷомёбист. Бар асоси ин омор, хароҷоти миёнаи як истгоҳи сохташаванда дар пойтахт ҳудуди 280 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.Истгоҳҳои 1 кӯчаю 1 хиёбони дигари Душанбе то охири сол нав мешаванд“Сохтмони 47 истгоҳи нави замонавӣ, аз ҷумла аз ҷониби раёсати сохтмони асосӣ бунёди 25 истгоҳ ба маблағи 7 миллион сомонӣ ва аз ҷониби раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу пулҳои шаҳри Душанбе 22 истгоҳ ба маблағи 5,9 миллион сомонӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд”, - изҳор доштааст Рустами Эмомалӣ дар суҳбат бо нашрияи “Ҷумҳурият”.Қаблан хабар дода шуда буд, ки истгоҳҳои муосир дар асоси лоиҳаи ҶДММ “ҶиЭм-Партнёр” дар мувофиқа бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе бунёд гардида, рӯнамоии намунаи аввали он моҳи августи соли 2017 бо иштироки Рустами Эмомалӣ сурат гирифта буд.
https://sputnik.tj/20210203/Vazir-taksi-man-qonun--1032753602.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102468/20/1024682072_0:115:3000:2000_1920x0_80_0_0_1c75d9d61798baab97e7240a9f77f5d4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, нақлиёт, нақлиёт, истгоҳҳои нав, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, нақлиёт, нақлиёт, истгоҳҳои нав, дар тоҷикистон
Барои як истгоҳи нав чанд пул харҷ мешавад? шарҳи Рустами Эмомалӣ
15:30 08.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, ки бо омаданаш ба мақоми роҳбарии пойтахти Тоҷикистон ба навсозии истгоҳҳо дар роҳу хиёбонҳо оғоз кард, ҳаҷми пулеро ки барои навсозии як истгоҳ сарф мешавад, эълон намуд
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе гуфтааст, ки феълан дар заминаи истгоҳҳои мавҷуда 47 истгоҳи нави замонавӣ сохта мешаванд.
Ӯ аз ҷумла тавзеҳ дод, ки аз ҷониби раёсати сохтмони асосӣ бунёди 25 истгоҳ ба маблағи 7 миллион сомонӣ дар ҳоли анҷомёбист. Бар асоси ин омор, хароҷоти миёнаи як истгоҳи сохташаванда дар пойтахт ҳудуди 280 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
“Сохтмони 47 истгоҳи нави замонавӣ, аз ҷумла аз ҷониби раёсати сохтмони асосӣ бунёди 25 истгоҳ ба маблағи 7 миллион сомонӣ ва аз ҷониби раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу пулҳои шаҳри Душанбе 22 истгоҳ ба маблағи 5,9 миллион сомонӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд”, - изҳор доштааст Рустами Эмомалӣ дар суҳбат бо нашрияи “Ҷумҳурият”.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки истгоҳҳои муосир дар асоси лоиҳаи ҶДММ “ҶиЭм-Партнёр” дар мувофиқа бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе бунёд гардида, рӯнамоии намунаи аввали он моҳи августи соли 2017 бо иштироки Рустами Эмомалӣ сурат гирифта буд.