https://sputnik.tj/20210207/hinduston-yarch-benishon-navor-1032777490.html
Дар Ҳиндустон бар асари фаромадани ярч 150 нафар бенишон шуданд - навор
Дар Ҳиндустон бар асари фаромадани ярч 150 нафар бенишон шуданд - навор
Sputnik Тоҷикистон
Аз ярче, ки дар штати Уттаракханд фаромад, аз ҳама беш кормандони неругоҳи барқии "Ришиганга" зарар диданд. Шумораи умумии қурбониён то ҳол маълум нест 07.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-07T18:33+0500
2021-02-07T18:33+0500
2021-04-10T17:44+0500
ҳамаи хабарҳо
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар ҷаҳон
ҳиндустон
ярч
видео
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102861/16/1028611679_0:300:3092:2048_1920x0_80_0_0_13b1e49abdbda2d0ce9f4a5536c9ce32.jpg
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар шимоли Ҳиндустон бар асари обшавии пиряхҳо ярчи азим фаромад, ки дар натиҷа 150 нафар бенишон шуданд, хабар медиҳад The Hindustan Times.Оби пиряхҳо қад-қади дарёҳои Ҳимолойи Алакнанда ва Даулиганга фаромада, боиси баланд шудани об дар баландкӯҳҳои иёлот гашт.Венетсияи дигар: обхезии шадид дар Олмон – аксҳоБа навиштаи рӯзнома, аксари гумшудаҳо коргарони нерӯгоҳи барқи обии Ришиганга мебошанд, зеро зарари асосии ин офати табииӣ маҳз ба кормандони ин неругоҳ расид. Ҳоло ҳамагуна робита бо кормандони неругоҳи мазкур имконнопазир аст.Зимнан, барои пайдо кардани бедаракшудагон чанд гурӯҳи наҷотбахшон ширкат доранд. Артиши Ҳиндустон таҷҳизот ва сарбозонро барои кумак ба ҷойи ҳодиса сафарбар кардааст.Дар ҳамин ҳол, сарвазири Ҳиндустон Норендра Модӣ изҳор доштааст, ки вазъияти ба амаломадаро шахсан худаш назорат мекунад.Ба гуфтаи сарвазири иёлати Тривендра Сингҳ Рават, ҷасади се кушташуда аллакай пайдо шудааст.Дар робита бо обхезӣ, мақомоти Уттаракханд ба кӯч додани сокинони маҳалҳои аҳолинишин, ки дар соҳили дарёи поёни нерӯгоҳи барқӣ ҷойгиранд, шурӯъ карданд.
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102861/16/1028611679_129:250:2989:2048_1920x0_80_0_0_1a13c5330dc532545cb0e54e38ee5041.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, дар ҷаҳон, ҳиндустон, ярч, видео
ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, дар ҷаҳон, ҳиндустон, ярч, видео
Дар Ҳиндустон бар асари фаромадани ярч 150 нафар бенишон шуданд - навор
18:33 07.02.2021 (Навсозишуда: 17:44 10.04.2021) Аз ярче, ки дар штати Уттаракханд фаромад, аз ҳама беш кормандони неругоҳи барқии "Ришиганга" зарар диданд. Шумораи умумии қурбониён то ҳол маълум нест
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар шимоли Ҳиндустон бар асари обшавии пиряхҳо ярчи азим фаромад, ки дар натиҷа 150 нафар бенишон шуданд, хабар медиҳад The Hindustan Times.
Оби пиряхҳо қад-қади дарёҳои Ҳимолойи Алакнанда ва Даулиганга фаромада, боиси баланд шудани об дар баландкӯҳҳои иёлот гашт.
Ба навиштаи рӯзнома, аксари гумшудаҳо коргарони нерӯгоҳи барқи обии Ришиганга мебошанд, зеро зарари асосии ин офати табииӣ маҳз ба кормандони ин неругоҳ расид. Ҳоло ҳамагуна робита бо кормандони неругоҳи мазкур имконнопазир аст.
Зимнан, барои пайдо кардани бедаракшудагон чанд гурӯҳи наҷотбахшон ширкат доранд. Артиши Ҳиндустон таҷҳизот ва сарбозонро барои кумак ба ҷойи ҳодиса сафарбар кардааст.
Дар ҳамин ҳол, сарвазири Ҳиндустон Норендра Модӣ изҳор доштааст, ки вазъияти ба амаломадаро шахсан худаш назорат мекунад.
Ба гуфтаи сарвазири иёлати Тривендра Сингҳ Рават, ҷасади се кушташуда аллакай пайдо шудааст.
"Сатҳи оби дарё ҳоло аз меъёри муқаррарӣ 1 метр баландтар аст, аммо ҷараён кам мешавад" гуфт Рават.
Дар робита бо обхезӣ, мақомоти Уттаракханд ба кӯч додани сокинони маҳалҳои аҳолинишин, ки дар соҳили дарёи поёни нерӯгоҳи барқӣ ҷойгиранд, шурӯъ карданд.