https://sputnik.tj/20210207/Intikol-jasad-perm-takhir-1032776297.html
Интиқоли ҷасади падару духтар аз Перм ба таъхир афтод: сари бурида бояд пайваст шавад
Интиқоли ҷасади падару духтар аз Перм ба таъхир афтод: сари бурида бояд пайваст шавад
Sputnik Тоҷикистон
Қарор буд рӯзи шанбе ҷасади падар ва духтар, ки ба таври ваҳшиёна дар шаҳри Перм ба қатл расонда шуданд, барои дафн кардан ба Тоҷикистон интиқол меёфт 07.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-07T13:02+0500
2021-02-07T13:02+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар русия
муҳоҷират
перм
интиқол
ҷасад
ба таъхир уфтод
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102936/17/1029361750_0:63:1201:738_1920x0_80_0_0_f4b38a228dc83a5718c500e876ab0a32.jpg
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Тобути ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки падар ва духтар ҳастанд ва аз ҷониби ҳамсари зани марҳум бо як бераҳмӣ қатл шуданд, ба Тоҷикистон интиқол наёфт.Қаблан бо дархости пайвандони кушташудагон, қарор шуд, ки ҷасади ҳар дуи онҳо барои ба хок супурдан ба Ватан интиқол дода мешавад.Ҳатто рӯзи таҳвили ҷасадҳо аз Русия ба Тоҷикистон низ маълум буд ва бояд рӯзи шанбе интиқол меёфтанд.Вале Зайниддин Иброҳимов, раиси ҷамъияти тоҷикон дар Перм изҳор дошт, ки Шӯъбаи тафтишот ба интиқоли ҷасадҳо иҷозат надод, зеро нахуст бояд сари бурида пайваст шавад ва барои ин кор вақт лозим аст.Зимнан, Хуршед Саидов раиси ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳоди тоҷикони Перм низ ба РИА Новости хабар дод, ки ҳамаи корҳо мувофиқи қавонини дини ислом анҷом дода шудааст.Саидов қайд кард, ки хонаводаи Расуловҳо дар диаспораи тоҷикони Перм аз иззату эҳтироми хосса бархӯрдор аст.Дар қатли зан шавҳараш айбдор мешавад ва даст доштани ӯ дар куштори хусураш низ таҳқиқ мешавад. Рӯзи ҷумъа Додгоҳи ноҳияи Дзержинский ҳамчун чораи пешгирикунанда мардро ба муддати ду моҳ маҳбас кард.Аввал сари зани ҳомилаашро гирифту сипас хусурашро кушт: боздошти тоҷик дар Перм - наворТибқи иттилои кумитаи тафтишотӣ, рӯзи 3 феврал дар кӯчаи Заостровкаи Перм ҷасади як мард ва дар яке аз ҳуҷраҳои бинои бисёрошёна ҷасади зани ҳомила дарёфт шуд. Гумонбаршуда дарҳол аз ҷониби мақомот боздошт шуд.
https://sputnik.tj/20210205/habs-jawon-tojik-dar-rusi-1032770775.html
перм
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102936/17/1029361750_66:0:1133:800_1920x0_80_0_0_919c49d852aed66443b74bced819821f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар русия, муҳоҷират, перм, интиқол, ҷасад, ба таъхир уфтод, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар русия, муҳоҷират, перм, интиқол, ҷасад, ба таъхир уфтод, дар тоҷикистон
Интиқоли ҷасади падару духтар аз Перм ба таъхир афтод: сари бурида бояд пайваст шавад
13:02 07.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Қарор буд рӯзи шанбе ҷасади падар ва духтар, ки ба таври ваҳшиёна дар шаҳри Перм ба қатл расонда шуданд, барои дафн кардан ба Тоҷикистон интиқол меёфт
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Тобути ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки падар ва духтар ҳастанд ва аз ҷониби ҳамсари зани марҳум бо як бераҳмӣ қатл шуданд, ба Тоҷикистон интиқол наёфт.
Қаблан бо дархости пайвандони кушташудагон, қарор шуд, ки ҷасади ҳар дуи онҳо барои ба хок супурдан ба Ватан интиқол дода мешавад.
Ҳатто рӯзи таҳвили ҷасадҳо аз Русия ба Тоҷикистон низ маълум буд ва бояд рӯзи шанбе интиқол меёфтанд.
Вале Зайниддин Иброҳимов, раиси ҷамъияти тоҷикон дар Перм изҳор дошт, ки Шӯъбаи тафтишот ба интиқоли ҷасадҳо иҷозат надод, зеро нахуст бояд сари бурида пайваст шавад ва барои ин кор вақт лозим аст.
Зимнан, Хуршед Саидов раиси ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳоди тоҷикони Перм низ ба РИА Новости хабар дод, ки ҳамаи корҳо мувофиқи қавонини дини ислом анҷом дода шудааст.
Саидов қайд кард, ки хонаводаи Расуловҳо дар диаспораи тоҷикони Перм аз иззату эҳтироми хосса бархӯрдор аст.
Дар қатли зан шавҳараш айбдор мешавад ва даст доштани ӯ дар куштори хусураш низ таҳқиқ мешавад. Рӯзи ҷумъа Додгоҳи ноҳияи Дзержинский ҳамчун чораи пешгирикунанда мардро ба муддати ду моҳ маҳбас кард.
Тибқи иттилои кумитаи тафтишотӣ, рӯзи 3 феврал дар кӯчаи Заостровкаи Перм ҷасади як мард ва дар яке аз ҳуҷраҳои бинои бисёрошёна ҷасади зани ҳомила дарёфт шуд. Гумонбаршуда дарҳол аз ҷониби мақомот боздошт шуд.