Пули калону ҷазои сабук: боздошти Собиров аз сӯи Ожонси зидди фасод

© Sputnik / Алексей Бойцов / Гузариш ба медиабонкКупюра, доллар
Купюра, доллар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2021
Обуна шудан
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти Абдумаҷид Собиров хабар дод, ки барои сабук кардани ҷазо аз айбдоршаванда маблағ талаб кардааст
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Собиров Абдумаҷид дар вазифаи нозири Шуъбаи корҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ кор карда, даст ба қаллобӣ задааст.
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2021
Боздошти марди 35 -сола: сокини Восеъро фиреб дода 25 ҳазор сомониашро гирифт
Манбаъ тавзеҳ дод, ки Собиров бо истифодаи мақоми хизматӣ, барои мусоидат дар таъйини ҷазои сабуктар нисбати шаҳрванд “А” аз ӯ пул талаб кардааст. Таъкид шудааст, ки парвандаи ҷиноятии шаҳрванд “А” дар суди ноҳияи Шаҳринав мавриди баррасӣ қарор доштаст.
Ожонси мубориза бо фасод афзуд, ки нозири Шӯъбаи корҳои ислоҳӣ аз айбдоршаванда 10 ҳазор сомонӣ гирифта, боз оварда додани маблағи 8 ҳазор сомонии дигарро талаб намудаст. Илова шудаст, ки Собиров баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 8 ҳазор сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.
Ба иттилои Ожонс, аз рӯи ин ҳолат нисбати Собиров барои қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтишот барои баррасӣ ба додгоҳ равона шудааст.
Феълан назари бевоситаи худи айбдоршаванда ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0