https://sputnik.tj/20210206/jasadi-padaru-dukhtar-ba-Tojikiston-intiol-meyobad-1032773007.html
Ҷасади падару духтар, ки дар Перм кушта шуданд, ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад
Ҷасади падару духтар, ки дар Перм кушта шуданд, ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Бо қарори хешовандон ҷасади духтар ва падараш, ки аз ҷониби домод кушта шуданд, ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад 06.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-06T11:02+0500
2021-02-06T11:02+0500
2021-04-19T16:53+0500
таҳқиқ
ҳамаи хабарҳо
муҳоҷират
ҷасад
интиқол
дар русия
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102936/17/1029361750_0:63:1201:738_1920x0_80_0_0_f4b38a228dc83a5718c500e876ab0a32.jpg
ДУШАНБЕ, 6 феврал - Sputnik. Ҷасади падар ва духтар бо қарори хонавода, рӯзи шанбе тариқи ҳавопаймо барои ба хок супоридан ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба раиси ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳоди тоҷикони Перм" Хуршед Саидов.Ба гуфтаи ӯ, тамоми чораҳои тафтишотие, ки ба фиристодани ҷасадҳо халаловар буд, аллакай ба анҷом расонида шуданд.Саидов қайд кард, ки хонаводаи Расуловҳо дар диаспораи тоҷикони Перм аз иззату эҳтироми хосса бархӯрдор аст.Дар қатли зан шавҳараш айбдор мешавад ва даст доштани ӯ дар куштори хусураш низ таҳқиқ мешавад. Рӯзи ҷумъа Додгоҳи ноҳияи Дзержинский ҳамчун чораи пешгирикунанда мардро ба муддати ду моҳ маҳбас кард.Аввал сари зани ҳомилаашро гирифту сипас хусурашро кушт: боздошти тоҷик дар Перм - наворТибқи иттилои кумитаи тафтишотӣ, рӯзи 3 феврал дар кӯчаи Заостровкаи Перм ҷасади як мард ва дар яке аз ҳуҷраҳои бинои бисёрошёна ҷасади зани ҳомила дарёфт шуд. Гумонбаршуда дарҳол аз ҷониби мақомот боздошт шуд.
https://sputnik.tj/20210205/habs-jawon-tojik-dar-rusi-1032770775.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102936/17/1029361750_66:0:1133:800_1920x0_80_0_0_919c49d852aed66443b74bced819821f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳқиқ, ҳамаи хабарҳо, муҳоҷират, ҷасад, интиқол, дар русия, дар тоҷикистон
таҳқиқ, ҳамаи хабарҳо, муҳоҷират, ҷасад, интиқол, дар русия, дар тоҷикистон
Ҷасади падару духтар, ки дар Перм кушта шуданд, ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад
11:02 06.02.2021 (Навсозишуда: 16:53 19.04.2021) Бо қарори хешовандон ҷасади духтар ва падараш, ки аз ҷониби домод кушта шуданд, ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад
ДУШАНБЕ, 6 феврал - Sputnik. Ҷасади падар ва духтар бо қарори хонавода, рӯзи шанбе тариқи ҳавопаймо барои ба хок супоридан ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба раиси ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳоди тоҷикони Перм" Хуршед Саидов.
"Қарор дар бораи равон кардани ҷасадҳо ба Тоҷикистон аз ҷониби хонавода буд. Ҳамаи корҳо мувофиқи қавонини дини ислом анҷом дода шудаанд. Фардо тариқи хатсайри Домодедово - Душанбе ҷасадҳо интиқол дода мешаванд. Имрӯз хешовандони Расуловҳо парвоз карданд ва соати 4 (соати 2 бо вақти Маскав) бояд ҷасадҳоро аз Перм ба Маскав интиқол медоданд", - шарҳ дод Саидов.
Ба гуфтаи ӯ, тамоми чораҳои тафтишотие, ки ба фиристодани ҷасадҳо халаловар буд, аллакай ба анҷом расонида шуданд.
Саидов қайд кард, ки хонаводаи Расуловҳо дар диаспораи тоҷикони Перм аз иззату эҳтироми хосса бархӯрдор аст.
Дар қатли зан шавҳараш айбдор мешавад ва даст доштани ӯ дар куштори хусураш низ таҳқиқ мешавад. Рӯзи ҷумъа Додгоҳи ноҳияи Дзержинский ҳамчун чораи пешгирикунанда мардро ба муддати ду моҳ маҳбас кард.
Тибқи иттилои кумитаи тафтишотӣ, рӯзи 3 феврал дар кӯчаи Заостровкаи Перм ҷасади як мард ва дар яке аз ҳуҷраҳои бинои бисёрошёна ҷасади зани ҳомила дарёфт шуд. Гумонбаршуда дарҳол аз ҷониби мақомот боздошт шуд.