https://sputnik.tj/20210206/ba-joi-Sheral-Kabir-javoni-33--sola-talko-1032772958.html
Президент ба ҷои Шералӣ Кабир як ҷавони 33 – соларо таъин кард: ӯ кист?
Президент ба ҷои Шералӣ Кабир як ҷавони 33 – соларо таъин кард: ӯ кист?
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон бо як фармон раиси нави Шӯрои директорони "Талко", бузургтарин ширкати саноатии Тоҷикистонро таъин кард 06.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-06T10:09+0500
2021-02-06T10:09+0500
2021-02-06T10:16+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
тағйироти кадрӣ
эмомалӣ раҳмон
таъин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032654640_0:154:2943:1809_1920x0_80_0_0_be2ec36a0cbbfeef40034ac3d9170e42.jpg
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Игор Сатторов, мудири Департаменти иттилоот и PR – и ширкати "Талко", ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Наҷибулло Раҷабов, собиқ муовини аввали раиси Шӯрои директорони ширкат, ба ҳамин қарибӣ раёсати ин шӯроро ба зимма гирифт.Наҷибулло Раҷабов соли 1987 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.Соли 1992 дар синни 5 – солагӣ ба мактаби №53, яке аз макотиби беҳтарини шаҳр, ки баъдтар ба литсей – гимназия табдил ёфт, рафт ва соли 2002 онро ба анҷом расонд.Соли 2007 факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисоди ҷаҳонӣ бо "дипломи сурх" хатм кардааст.Наҷибулло Раҷабов аз июн то октябри соли 2007 мутахассиси идораи активҳо ва пассивҳои Бонки рушди Тоҷикистон буд. Сипас барои кор ба гуруҳи ширкатҳои "Талко" омада, то январи соли 2019 дар вазифаҳои мутахассис, менеҷер, мудири шуъба ва мудири Департмаенти сармоягузориҳо кор кард.Моҳи январи соли 2019 муовини аввали мудири кулл ва аз феврали соли 2021 раиси Шӯрои директорони и Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Талко" таъин шуд.Таҷрибаи 14 – солаи кор дар соҳаи алюминиумро дорад. Соҳиби се фарзанд аст.Шералӣ Кабир, раиси қаблии Шӯрои директорони "Талко" 3 ноябри соли гузашта вазири саноат ва технологияҳои нав таъин шуд. Ӯ аз соли 2015 дар ин симмат ифои вазифа кард."Талко" – Ширкати алюминиуми тоҷик, як ширкати пешгоми соҳаи алюминиум дар Осиёи Марказӣ ва яке аз бузургтарин ширкати саноатии Тоҷикистон аст, ки дар замони Шӯравӣ бунёд шуда, бо истеҳсоли алюминиум шуҳрат дошт.Ин ширкат тайи даҳ соли ахир ҳудуди даҳ зерширкат, аз ҷумла "Алюминсохтмон", "Талко кабел", "Талко флюарит", "Талко Кемикал", "Талко Ресурс", "Талко Голд" ва ғайраро рӯи кор оварда, ба як гурӯҳи ширкатҳо табдил ёфт."Талко" 100% моликияти давлатии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва таъини раҳбаронаш низ аз салоҳиятҳои президенти Тоҷикистон аст.
https://sputnik.tj/20201122/qadam-ba-50-Sheral-Kabir-vaziri-navtayin-zodrzashro-talil-mekunad-1032321901.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032654640_164:0:2780:1962_1920x0_80_0_0_0569f3b1f73e3ecc350ef9845f9e2b25.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тағйироти кадрӣ, эмомалӣ раҳмон, таъин
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тағйироти кадрӣ, эмомалӣ раҳмон, таъин
Президент ба ҷои Шералӣ Кабир як ҷавони 33 – соларо таъин кард: ӯ кист?
10:09 06.02.2021 (Навсозишуда: 10:16 06.02.2021) Президенти Тоҷикистон бо як фармон раиси нави Шӯрои директорони "Талко", бузургтарин ширкати саноатии Тоҷикистонро таъин кард
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Игор Сатторов, мудири Департаменти иттилоот и PR – и ширкати "Талко", ба
Sputnik Тоҷикистон гуфт, Наҷибулло Раҷабов, собиқ муовини аввали раиси Шӯрои директорони ширкат, ба ҳамин қарибӣ раёсати ин шӯроро ба зимма гирифт.
"Ин фармон чанд рӯзи пеш ба имзо расид ва раиси нав ба иҷрои вазифаҳои худ шуруъ кардааст", - гуфт Игор Сатторов.
Наҷибулло Раҷабов соли 1987 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.
Соли 1992 дар синни 5 – солагӣ ба мактаби №53, яке аз макотиби беҳтарини шаҳр, ки баъдтар ба литсей – гимназия табдил ёфт, рафт ва соли 2002 онро ба анҷом расонд.
Соли 2007 факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисоди ҷаҳонӣ бо "дипломи сурх" хатм кардааст.
Наҷибулло Раҷабов аз июн то октябри соли 2007 мутахассиси идораи активҳо ва пассивҳои Бонки рушди Тоҷикистон буд. Сипас барои кор ба гуруҳи ширкатҳои "Талко" омада, то январи соли 2019 дар вазифаҳои мутахассис, менеҷер, мудири шуъба ва мудири Департмаенти сармоягузориҳо кор кард.
Моҳи январи соли 2019 муовини аввали мудири кулл ва аз феврали соли 2021 раиси Шӯрои директорони и Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Талко" таъин шуд.
Таҷрибаи 14 – солаи кор дар соҳаи алюминиумро дорад. Соҳиби се фарзанд аст.
Шералӣ Кабир, раиси қаблии Шӯрои директорони "Талко" 3 ноябри соли гузашта вазири саноат ва технологияҳои нав таъин шуд. Ӯ аз соли 2015 дар ин симмат ифои вазифа кард.
"Талко" – Ширкати алюминиуми тоҷик, як ширкати пешгоми соҳаи алюминиум дар Осиёи Марказӣ ва яке аз бузургтарин ширкати саноатии Тоҷикистон аст, ки дар замони Шӯравӣ бунёд шуда, бо истеҳсоли алюминиум шуҳрат дошт.
Ин ширкат тайи даҳ соли ахир ҳудуди даҳ зерширкат, аз ҷумла "Алюминсохтмон", "Талко кабел", "Талко флюарит", "Талко Кемикал", "Талко Ресурс", "Талко Голд" ва ғайраро рӯи кор оварда, ба як гурӯҳи ширкатҳо табдил ёфт.
"Талко" 100% моликияти давлатии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва таъини раҳбаронаш низ аз салоҳиятҳои президенти Тоҷикистон аст.