https://sputnik.tj/20210206/Gurjiston-marzoyashro-boz-kard-1032774487.html
Гурҷистон марзҳояшро боз кард, вале аз сайёҳон дарак нест - видео
Гурҷистон марзҳояшро боз кард, вале аз сайёҳон дарак нест - видео
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Гурҷистон қарор кард, аз 1 феврал парвозҳои мунтазамро бо тамоми кишварҳои ҷаҳон кушояд. Чанде аз ширкатҳои ҳавоӣ аллакай аз омодаи парвоз будан... 06.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-06T17:35+0500
2021-02-06T17:35+0500
2021-02-06T17:10+0500
видео
гурҷистон
бозкушоии гузаргоҳҳо
амнияти марзҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/06/1032774241_51:-1:1078:581_1920x0_80_0_0_0b3547e651d2583feed8c5cfd09bffcf.png
Гурҷистон дар бораи азсаргирии парвозҳои доимӣ хабар дод. Тақрибан пас аз даҳ моҳ, фурудгоҳи Тбилиси боз ба фаъолият мепардозад.Алъон мардум аз 12 кишвар метавонанд ба Гурҷистон парвоз кунанд. Бо вуҷуди ин, дар байни мусофирон то ҳол сайёҳон нестанд.Хориҷиён асосан барои тиҷорат парвоз мекунанд, дар ҳоле ки қисми зиёди мусофирон шаҳрвандони Гурҷистон мебошанд. Акнун онҳо метавонанд бидуни карантин ба хона баргарданд.Бо вуҷуди ин, мусофирон бояд тести коронавирус супорида бо худ санади натиҷаи манфии онро, ки на пештар аз 72 соат баромада бошад, пешниҳод кунанд. Пас аз се рӯз, бояд аз санҷиши такрорӣ гузашт.Бо вуҷуди ин, коршиносон даъват мекунанд, ки ба эҳёи бахши сайёҳӣ умед набанданд.Гарчанде ки дар Гурҷистон маҳдудиятҳои мавҷуда сабук карда мешаванд, нақлиёти шаҳрӣ ҳанӯз ҳам кор намекунад, чорабиниҳои оммавӣ манъ карда шудаанд, музейҳо ва театрҳо бастаанд.Мақомот ба фаъолшавии сайёҳон дар фасли тобистон умед доранд.Русия марзашро ба роҳи оҳан кушод: бо кадом давлат?Дар ҳамин ҳол, ҳамагиршиносон аз мавҷи сеюми вируси корона метарсонанд ва соҳаи сайёҳӣ хисоротро ҳисоб мекунад.Барқарорсозии парвозҳои мунтазам дар миёнаҳои тобистони гузашта оғоз ёфт. Дар аввал парвозҳо ба Мюнхен, Рига ва Порис аз сар гирифта шуданд.Парвозҳои мунтазам аз моҳи ноябр бо Амстердам, Вена, Берлин ва Доҳа барқарор карда шуданд. Аммо, бинобар бад шудани вазъи эпидемиологӣ, марзбандӣ то 1 феврал тамдид карда шуд.
https://sputnik.tj/20210130/uzbekiston-marzbandi-8-kishvar-tamdid-1032723498.html
гурҷистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/06/1032774241_102:-1:1027:581_1920x0_80_0_0_b74e0fd8556b29fb973ce2ed42163593.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, гурҷистон, бозкушоии гузаргоҳҳо, амнияти марзҳо
видео, гурҷистон, бозкушоии гузаргоҳҳо, амнияти марзҳо
Гурҷистон марзҳояшро боз кард, вале аз сайёҳон дарак нест - видео
Ҳукумати Гурҷистон қарор кард, аз 1 феврал парвозҳои мунтазамро бо тамоми кишварҳои ҷаҳон кушояд. Чанде аз ширкатҳои ҳавоӣ аллакай аз омодаи парвоз будан, изҳор доштанд
Гурҷистон дар бораи азсаргирии парвозҳои доимӣ хабар дод. Тақрибан пас аз даҳ моҳ, фурудгоҳи Тбилиси боз ба фаъолият мепардозад.
Алъон мардум аз 12 кишвар метавонанд ба Гурҷистон парвоз кунанд. Бо вуҷуди ин, дар байни мусофирон то ҳол сайёҳон нестанд.
Хориҷиён асосан барои тиҷорат парвоз мекунанд, дар ҳоле ки қисми зиёди мусофирон шаҳрвандони Гурҷистон мебошанд. Акнун онҳо метавонанд бидуни карантин ба хона баргарданд.
Бо вуҷуди ин, мусофирон бояд тести коронавирус супорида бо худ санади натиҷаи манфии онро, ки на пештар аз 72 соат баромада бошад, пешниҳод кунанд. Пас аз се рӯз, бояд аз санҷиши такрорӣ гузашт.
Бо вуҷуди ин, коршиносон даъват мекунанд, ки ба эҳёи бахши сайёҳӣ умед набанданд.
Гарчанде ки дар Гурҷистон маҳдудиятҳои мавҷуда сабук карда мешаванд, нақлиёти шаҳрӣ ҳанӯз ҳам кор намекунад, чорабиниҳои оммавӣ манъ карда шудаанд, музейҳо ва театрҳо бастаанд.
Мақомот ба фаъолшавии сайёҳон дар фасли тобистон умед доранд.
Дар ҳамин ҳол, ҳамагиршиносон аз мавҷи сеюми вируси корона метарсонанд ва соҳаи сайёҳӣ хисоротро ҳисоб мекунад.
Барқарорсозии парвозҳои мунтазам дар миёнаҳои тобистони гузашта оғоз ёфт. Дар аввал парвозҳо ба Мюнхен, Рига ва Порис аз сар гирифта шуданд.
Парвозҳои мунтазам аз моҳи ноябр бо Амстердам, Вена, Берлин ва Доҳа барқарор карда шуданд. Аммо, бинобар бад шудани вазъи эпидемиологӣ, марзбандӣ то 1 феврал тамдид карда шуд.