Голи пирӯзиовари Алишер Ҷалилов дар Дубай - видео

Обуна шудан
Ягона голи пирӯзиоварро дар бозии дӯстонаи тими Тоҷикистон ва дастаи Урдун Алишер Ҷалилов ба нишон расонд
Дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дуввуми дӯстона, ки 5 феврал дар Дубай баргузор шуд, тими миллии Урдунро бо ҳисоби 1-0 шикаст дод.
Голи ягонаи бозиро футболбози дастаи "Истиқлол" ва дастаи миллии кишвар – Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 79-ум ба ҳадаф расонид.
Дар аввалин бозии дӯстона, ки чор рӯз пеш баргузор шуда буд, Урдун бо ҳисоби 2-0 ғолиб шуд.
Мураббии футболбозони тоҷик сирри пирӯзиро ошкор кард: навор
Ёдрас мешавем, ки тими ҷавонони Тоҷикистон дар дуввумин бозии худ дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2021" яккачини Молдоваро бо ҳисоби бузург 5 : 1 шикаст дод.
Лентаи хабарҳо
0