https://sputnik.tj/20210206/COVID19-Eron-favt-1032774889.html
COVID‑19 дар Эрон ҷони 76 нафари дигарро дар як рӯз рабуд
COVID‑19 дар Эрон ҷони 76 нафари дигарро дар як рӯз рабуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон мегӯяд, дар 24 соати гузашта 76 нафари дигар аз бемории коронавирус дар ин ҷумҳурӣ ҷон бохтанд 06.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-06T21:04+0500
2021-02-06T21:04+0500
2021-08-10T17:01+0500
ҳамаи хабарҳо
тандурустӣ
эрон
даргузашт
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0a/1032428120_0:0:3158:1776_1920x0_80_0_0_60421a2122a7af26edf9a01b3081869c.jpg
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати беҳдошт, теъдоди ҷонбохтагон аз коронавирус дар ин кишвар ба 58 ҳазору 412 нафар расид.Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 983 бемори ҷадиди мубтало ба COVID‑19 дар кишвар шиносоӣ ва аз ин теъдод 498 нафар бистарӣ шуданд. Бар ин асос, то кунун як миллиону 459 ҳазору 370 нафар дар ин кишвар ба таври қатъӣ ба вируси корона мубтало шудаанд, ки то кунун 1 миллиону 247 ҳазору 374 нафар аз ин беморон, беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд. Ҳамчунин бар асоси омори расмии кишварҳо вируси корона то кунун ҳудуди 106 миллион нафарро дар дунё мубтало кардааст ва беш аз ду миллиону 300 ҳазор нафар низ бар асари бемории COVID‑19 дар ҷаҳон ҷони худро аз даст додаанд. Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт, шумораи аз ҳама зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд, ки 27 миллиону 407 ҳазору 324 ҳолатро ташкил медиҳад.Дар ҷои дуюм Ҳиндустон бо 10 миллиону 815 ҳазору 222 ҳолати сироятёбӣ қарор дорад. Дар Бразилия 9,4 миллион ҳолати гирифторӣ ба COVID‑19, дар Русия 3,9 миллион, Британияи Кабир 3,9 миллион, Фаронса 3,2 миллион, Испания 2,9 миллион, Италия 2,6 миллион, Туркия 2,5 миллион, Олмон 2,2 миллион, Колумбия 2,1 миллион ва ва Аргентина 1,9 миллион ҳолати гирифторӣ ба қайд гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20210204/odamon-mubtalo-koronavirus-nameshavand-1032761044.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0a/1032428120_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_f1deeee6735d5447a560807112698ef8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, тандурустӣ, эрон, даргузашт, коронавирус
ҳамаи хабарҳо, тандурустӣ, эрон, даргузашт, коронавирус
COVID‑19 дар Эрон ҷони 76 нафари дигарро дар як рӯз рабуд
21:04 06.02.2021 (Навсозишуда: 17:01 10.08.2021) Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон мегӯяд, дар 24 соати гузашта 76 нафари дигар аз бемории коронавирус дар ин ҷумҳурӣ ҷон бохтанд
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати беҳдошт, теъдоди ҷонбохтагон аз коронавирус дар ин кишвар ба 58 ҳазору 412 нафар расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 983 бемори ҷадиди мубтало ба COVID‑19 дар кишвар шиносоӣ ва аз ин теъдод 498 нафар бистарӣ шуданд.
Бар ин асос, то кунун як миллиону 459 ҳазору 370 нафар дар ин кишвар ба таври қатъӣ ба вируси корона мубтало шудаанд, ки то кунун 1 миллиону 247 ҳазору 374 нафар аз ин беморон, беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Ҳамчунин бар асоси омори расмии кишварҳо вируси корона то кунун ҳудуди 106 миллион нафарро дар дунё мубтало кардааст ва беш аз ду миллиону 300 ҳазор нафар низ бар асари бемории COVID‑19 дар ҷаҳон ҷони худро аз даст додаанд.
Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт, шумораи аз ҳама зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд, ки 27 миллиону 407 ҳазору 324 ҳолатро ташкил медиҳад.
Дар ҷои дуюм Ҳиндустон бо 10 миллиону 815 ҳазору 222 ҳолати сироятёбӣ қарор дорад. Дар Бразилия 9,4 миллион ҳолати гирифторӣ ба COVID‑19, дар Русия 3,9 миллион, Британияи Кабир 3,9 миллион, Фаронса 3,2 миллион, Испания 2,9 миллион, Италия 2,6 миллион, Туркия 2,5 миллион, Олмон 2,2 миллион, Колумбия 2,1 миллион ва ва Аргентина 1,9 миллион ҳолати гирифторӣ ба қайд гирифта шудааст.