Кам шудаст: чаро занони тоҷик дигар ба хориҷиҳо шавҳар намекунанд

© © Стас ЭтвешСвадьба, архивное фото
Свадьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2021
Обуна шудан
Далели коҳиши издивоҷ бо хориҷиҳо , ислоҳоти соли 2011 дар қонуни оилаи Тоҷикистон аст, ки маҳдудиятҳоеро барои издивоҷи занони тоҷик бо хориҷиҳо тасвиб кард
ДУШАНБЕ, 5 феврал - Sputnik. Дар 12 соли гузаштаи теъдоди издивоҷи занони тоҷик бо афроди хориҷӣ ҳудуди 4 баробар коҳиш ёфта аст.
Раиси Идораи сабти ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон Саодат Сироҷзода дар ин бора дар рафти нишасти матбуотӣ хабар дод.
"Соли гузашта 192 маврид издивоҷи занони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар сабт шуд, ки 11 маврид камтар аз соли 2019 аст", - гуфт вай.
 Саодат Сироҷзода афзуд, бештари духтарони тоҷик бо шаҳрвандони Русия, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Чин издивоҷ карданд.
Дар Тоҷикистон шумораи тӯю талоқ замони пандемия коҳиш ёфт
"Аз ин теъдод 32 маврид издивоҷ дар минтақаи Суғд, 10 маврид дар Хатлон, 8 маврид дар Бадахшон, 44 маврид дар Душанбе ва 98 маврид дар манотиқи дигари Тоҷикистон сабт шуда аст", - таъйид кард хонум Сироҷзода.
 Ба гуфтаи вай, далели коҳиши издивоҷ бо хориҷиҳо , ислоҳоти соли 2011 дар қонуни оилаи Тоҷикистон аст, ки маҳдудиятҳоеро барои издивоҷи занони тоҷик бо хориҷиҳо тасвиб кард.
Лентаи хабарҳо
0