https://sputnik.tj/20210205/vazir-donishju-kordkashi-dekdn-1032765389.html
Имомзода гуфт, мехоҳад иддаои донишҷӯи кордкашро шунавад
Имомзода гуфт, мехоҳад иддаои донишҷӯи кордкашро шунавад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода қазияи кордкашии донишҷӯ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро шарҳ дод 05.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-05T13:00+0500
2021-02-05T13:00+0500
2021-04-19T16:53+0500
маориф
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
декан
донишҷӯ
донишгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/05/1032764574_0:62:1185:729_1920x0_80_0_0_0159a0a75ec689aa3ab9d77d6e63d510.jpg
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Ба гуфтаи вазир, дар ҳодисаи рухдода ҷурми декан ҳам истисно намешавад.Рӯзноманигорон аз вазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода пурсон шуданд, ки ба ҳодисаи пурсарусадое, ки дар Донишгоҳи технологии кишвар рух дод, чӣ назар дорад.Имомзода дар посух гуфт, ки ин ҳодиса боиси нигаронии вазорат гашт ва дар ин гуна ҳолатҳо наметавонад танҳо як нафарро муҷрим шиносад."Муассиса аз ду қисмат иборат аст: омӯзгор ва донишҷӯ. Инҳо ҳарду бо ҳам тавъаманд. Вақте донишҷӯ нисбати устод чунин муносибат мекунад - бад аст, вақте устод ягон муносибати ноҷо нисбати донишҷӯ дошта бошад, ин ҳам бад аст", - таъкид мекунад вай.Дар ҳамин ҳол рӯзноманигорон вазирро пурсиданд, ки оё маълум аст, ки донишҷӯ бо кадом сабаб даст ба ин амал задааст. Вазир посух гуфтааст, ки ҳоло он иттилое, ки дорад, яктарафа аст ва то тафтиши пурраи ҳодиса аз ҷониби мақомот ба хулосае омада наметавонад.Ба гуфтаи Имомзода, вақте санҷиш ба итмом мерасад, ин масъаларо дар сатҳи тамоми донишгоҳҳо баррасӣ мекунад.Ёдрас мешавем, дар бораи ҳодисаи коркашии донишҷӯ дар саҳни донишгоҳи технологии Тоҷикистон нахустин шуда Sputnik Тоҷикистон гузориш дода буд.Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, бегоҳии 28 январ як донишҷӯ, Музаффар Имомназаров, декани факултаи менеҷменти байнулмилалӣ ва маркетингро барои нагузоштани баҳои триместр ва иҷоза надодан ба имтиҳонҳо бо кор зада маҷрӯҳ кардааст.Вақте донишҷӯ имтиҳонҳои трисместрро намесупорад, декан падарашро ба сӯҳбат даъват мекунад. Донишҷӯ деканро таҳдид мекунад, ки мекушам ва бо корд таҳдид мекунад. Ӯ дар саҳни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон деканро корд зада, фирор мекунад. Деканро ба вазнинхонаи шифохонаи Қарияи Боло интиқол медиҳанд.Дертар милисаи Душанбе аз боздошти донишҷӯи кордкаш хабар дод.
https://sputnik.tj/20210201/VKD-donishju-dekan-kord--1032739284.html
https://sputnik.tj/20210130/Donishju-donishgoh-dekan-kord-baho-1032723769.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/05/1032764574_66:0:1119:790_1920x0_80_0_0_045eeb8a6cb5efdaa46484d97e09dcbf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маориф, ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, декан, донишҷӯ, донишгоҳ
маориф, ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, декан, донишҷӯ, донишгоҳ
Имомзода гуфт, мехоҳад иддаои донишҷӯи кордкашро шунавад
13:00 05.02.2021 (Навсозишуда: 16:53 19.04.2021) Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода қазияи кордкашии донишҷӯ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Ба гуфтаи вазир, дар ҳодисаи рухдода ҷурми декан ҳам истисно намешавад.
Рӯзноманигорон аз вазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода пурсон шуданд, ки ба ҳодисаи пурсарусадое, ки дар Донишгоҳи технологии кишвар рух дод, чӣ назар дорад.
Имомзода дар посух гуфт, ки ин ҳодиса боиси нигаронии вазорат гашт ва дар ин гуна ҳолатҳо наметавонад танҳо як нафарро муҷрим шиносад.
"Муассиса аз ду қисмат иборат аст: омӯзгор ва донишҷӯ. Инҳо ҳарду бо ҳам тавъаманд. Вақте донишҷӯ нисбати устод чунин муносибат мекунад - бад аст, вақте устод ягон муносибати ноҷо нисбати донишҷӯ дошта бошад, ин ҳам бад аст", - таъкид мекунад вай.
Дар ҳамин ҳол рӯзноманигорон вазирро пурсиданд, ки оё маълум аст, ки донишҷӯ бо кадом сабаб даст ба ин амал задааст. Вазир посух гуфтааст, ки ҳоло он иттилое, ки дорад, яктарафа аст ва то тафтиши пурраи ҳодиса аз ҷониби мақомот ба хулосае омада наметавонад.
"Ҳоло мақомотҳои марбута ин ҳолатро тафтиш доранд, лекин барои мо ҳарду ҳам баданд. Он чизҳое ки мо шунидем якҷониба аст, лекин ман мехостам ҷониби донишҷӯро низ шунавам", - таъкид кард вай.
Ба гуфтаи Имомзода, вақте санҷиш ба итмом мерасад, ин масъаларо дар сатҳи тамоми донишгоҳҳо баррасӣ мекунад.
Ёдрас мешавем, дар бораи ҳодисаи коркашии донишҷӯ дар саҳни донишгоҳи технологии Тоҷикистон нахустин шуда Sputnik Тоҷикистон гузориш дода буд.
Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, бегоҳии 28 январ як донишҷӯ, Музаффар Имомназаров, декани факултаи менеҷменти байнулмилалӣ ва маркетингро барои нагузоштани баҳои триместр ва иҷоза надодан ба имтиҳонҳо бо кор зада маҷрӯҳ кардааст.
Вақте донишҷӯ имтиҳонҳои трисместрро намесупорад, декан падарашро ба сӯҳбат даъват мекунад. Донишҷӯ деканро таҳдид мекунад, ки мекушам ва бо корд таҳдид мекунад. Ӯ дар саҳни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон деканро корд зада, фирор мекунад. Деканро ба вазнинхонаи шифохонаи Қарияи Боло интиқол медиҳанд.
Дертар милисаи Душанбе аз боздошти донишҷӯи кордкаш хабар дод.