Коргурезӣ: ноиби вазир гуфт, имтиёзҳои ваъдагӣ ба омӯзгорони ҷавон амалӣ намешаванд

© Muhabbat GardonshoevМуовини вазири маориф хонум Латофат Назирӣ
Муовини вазири маориф хонум Латофат Назирӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2021
Обуна шудан
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар шарҳи ҳозир нашудани бисёре аз ҷавонон ба ҷои кор дар мактабҳо гуфт, имтиёзҳое, ки барои омӯзгорони ҷавон дод шудаанд, дар амал татбиқ намегарданд
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Латофат Назирӣ, ноиби вазири маорифи Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе тасдиқ кард, ки на ҳамаи хатмкардаҳои бахши буҷавии риштаи омӯзгорӣ тибқи роҳхат ба ҷои кор ҳозир мешаванд.
Министр образования и науки Мухаммадюсуф Имомзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2021
Вазир: сафари донишҷӯёни тоҷик ба донишгоҳҳои хориҷ аз мо вобаста нест
Ӯ тавзеҳ дод, ки ҳамасола теъдоди муайяни хатмкардаҳои риштаҳои буҷавӣ тибқи роҳхати Вазорати маориф барои фаъолият ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ равона карда мешаванд.
Ба гуфтаи ноиби вазир, барои омӯзгорони ҷавон дар навоҳӣ бархе имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд, аммо дар амал аз сӯи мақомоти маҳаллӣ татбиқ намегарданд.
Назирӣ дар феҳрасти имтиёзҳо гуфт, барои омӯзгорони ҷавон агар дар манотиқи дурдаст бошанд, манзили муваққати ҷои зист, замини иловагӣ барои хоҷагӣ, кумакпулӣ, қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, инчунин ба омӯзгорони ҷавоне, ки баъди хатм ба макотиби деҳот фиристода мешаванд, бояд тӯли се сол  10 дарсади маош иловапулӣ пардохт гардад.
Назирӣ бо таассуф таъкид намуд, ки бисёре аз имтиёзҳо аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ амалӣ карда намешаванд.
Бо вуҷуди ин, ӯ гуфт Вазорати маориф нисбати онҳое, ки тибқи роҳхат ба макотиб ҳозир намегарданд, ба додгоҳҳои маҳаллӣ муроҷиат мекунад, то онҳо маблағеро, ки ҷониби буҷаи давлат барои таълимашон пардохт шудааст, ба буҷа барқарор намоянд.
Лентаи хабарҳо
0