https://sputnik.tj/20210205/bozdosht-javon-maiub-dushanbe-1032768887.html
Душанбе: ду ҷавон худро маъюб вонамуд карда, талбандагӣ мекарданд - акс
Душанбе: ду ҷавон худро маъюб вонамуд карда, талбандагӣ мекарданд - акс
Sputnik Тоҷикистон
Милисаҳои пойтахт ду ҷавонро дастгир карданд, ки дар кӯчаҳои Душанбе ба талбандагӣ машғул буданд. Гуфта мешавад, онҳо ҷисман солим, вале худро маъюб вонамуд... 05.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-05T17:01+0500
2021-02-05T17:01+0500
2021-07-07T18:38+0500
ҳамаи хабарҳо
душанбе
ҷавон
талбандагӣ
дастгир
видео
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1d/1032546159_0:146:3123:1903_1920x0_80_0_0_338f845ae41485a387563365249496dc.jpg
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар Душанбе аз ҳабси ду ҷавон хабар дод, ки дар пойтахт талбандагӣ мекарданд.Онҳо дар кӯчаҳои марказӣ ҳангоми таваққуфи мошинҳо дар назди чароғак худро маъюб вонамуд карда, ба назди ронандаҳо мерафтанд ва дархости кӯмак менамуданд.Бино бар иттилои манбаъ, дастгиршудаҳо Алихон Ҳаитови 24-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Бахтиёр Халосови 31-сола, сокини шаҳри Турсунзода мебошанд.Аввал ҷодуро дар гӯристон ҷо мекард, сипас меёфт: боздошти фолбин - наворМанбаъ афзудааст, номбурдагон, ки дар асл сиҳат ва ҷисму бозӯи солим доранд, худро маъюб ва дардманду муҳтоҷ вонамуд карда, дар роҳи мошингузар бо ба вуҷуд овардани вазъияти хатарнок ба талбандагӣ машғул буданд."Номбурдагон то ба дараҷае моҳирона худро маъюб нишон медиҳанд, ки дар дили ҳар роҳгузар эҳсоси раҳму шафқатро ба вуҷуд оварда, ба онҳо дасти кӯмак дароз мекунанд", - таъкид кардааст котиботи раёсат.Афзун бар ин, як нафар аз ин ҷавонҳо барои чунин амалаш дастгир шуда будааст.Вобаста ба ин нисбати ҳар ду протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин карда шудаст.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1d/1032546159_196:0:2927:2048_1920x0_80_0_0_81016191d86c1f14c222326f505e2552.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, душанбе, ҷавон, талбандагӣ, дастгир, видео, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳамаи хабарҳо, душанбе, ҷавон, талбандагӣ, дастгир, видео, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Душанбе: ду ҷавон худро маъюб вонамуд карда, талбандагӣ мекарданд - акс
17:01 05.02.2021 (Навсозишуда: 18:38 07.07.2021) Милисаҳои пойтахт ду ҷавонро дастгир карданд, ки дар кӯчаҳои Душанбе ба талбандагӣ машғул буданд. Гуфта мешавад, онҳо ҷисман солим, вале худро маъюб вонамуд мекарданд
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар Душанбе аз ҳабси ду ҷавон хабар дод, ки дар пойтахт талбандагӣ мекарданд.
Онҳо дар кӯчаҳои марказӣ ҳангоми таваққуфи мошинҳо дар назди чароғак худро маъюб вонамуд карда, ба назди ронандаҳо мерафтанд ва дархости кӯмак менамуданд.
Бино бар иттилои манбаъ, дастгиршудаҳо Алихон Ҳаитови 24-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Бахтиёр Халосови 31-сола, сокини шаҳри Турсунзода мебошанд.
Манбаъ афзудааст, номбурдагон, ки дар асл сиҳат ва ҷисму бозӯи солим доранд, худро маъюб ва дардманду муҳтоҷ вонамуд карда, дар роҳи мошингузар бо ба вуҷуд овардани вазъияти хатарнок ба талбандагӣ машғул буданд.
"Номбурдагон то ба дараҷае моҳирона худро маъюб нишон медиҳанд, ки дар дили ҳар роҳгузар эҳсоси раҳму шафқатро ба вуҷуд оварда, ба онҳо дасти кӯмак дароз мекунанд", - таъкид кардааст котиботи раёсат.
Афзун бар ин, як нафар аз ин ҷавонҳо барои чунин амалаш дастгир шуда будааст.
Вобаста ба ин нисбати ҳар ду протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин карда шудаст.