https://sputnik.tj/20210205/alokati-du-shikorch-zeri-tarma-dar-Romit-1032765940.html
Ҳалокати ду шикорчӣ зери тарма дар Ромит - акс
Ҳалокати ду шикорчӣ зери тарма дар Ромит - акс
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз дарёфти ҷасади ду шикорчӣ - сокинони деҳаи Ғускефи ҷамоати деҳоти Ромит хабар медиҳад 05.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-05T14:00+0500
2021-02-05T14:00+0500
2021-08-10T16:49+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ромит
шикор
кҳф
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/22/1027942272_0:321:3071:2048_1920x0_80_0_0_6be2abdeffe88806844ebbaf0a22b713.jpg
ДУШАНБЕ, 5 фев— Sputnik. Шикорчиён рӯзи 3 феврал ба кӯҳҳои Ромит ба шикор баромада, бедарак шуда буданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.Гуфта мешавад, ки хабари бедарак шудани шикорчиёнро ба шуъбаи Кумита дар шаҳри Ваҳдат раиси ҷамоат расонида, барои ёрӣ дар ҷустуҷӯи одамон муроҷиат кардааст.Ҳамроҳи наҷотдиҳандагон ва аҳолии маҳаллӣ корҳои ҷустуҷӯӣ оғоз гардида, рӯзи 4 феврал ҷасадҳои онҳо дарёфт ва аз зери барф берун оварда шуда, ба наздиконашон супурда шуд.Ҳалокшудагон сокинони 48 ва 32-солаи деҳаи Ғускефи ҷамоати деҳоти Ромит мебошанд."Сарфи назар аз чандин маротиба огоҳ кардан дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ ва худдорӣ варзидан аз кӯҳбароӣ бо мақсади шикору ҷамъоварии ҳезум ва чаронидани чорво, бархе аз шаҳрвандон онҳоро нодида мегиранд, ки мутаассифона, ба фоҷеа боис мегардад", - таъкид кардааст ин ниҳод.Ба шикорчиёни ВМКБ тиру милтиқ доданд - аксҳоКумитаи ҳолатҳои фавқулода хотиррасон мекунад, ки обуҳавои гарми чанд рӯзи ахир хатари фаромадани тармаву ярч ва сангрезаро бештар мекунад ва аз ин рӯ, эҳтиёткору ҳушёр мебояд буд.
ромит
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/22/1027942272_119:0:2850:2048_1920x0_80_0_0_e786844a12dae4cde479370dfc91497b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ромит, шикор, кҳф, даргузашт
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ромит, шикор, кҳф, даргузашт
Ҳалокати ду шикорчӣ зери тарма дар Ромит - акс
14:00 05.02.2021 (Навсозишуда: 16:49 10.08.2021) Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз дарёфти ҷасади ду шикорчӣ - сокинони деҳаи Ғускефи ҷамоати деҳоти Ромит хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 5 фев— Sputnik. Шикорчиён рӯзи 3 феврал ба кӯҳҳои Ромит ба шикор баромада, бедарак шуда буданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Гуфта мешавад, ки хабари бедарак шудани шикорчиёнро ба шуъбаи Кумита дар шаҳри Ваҳдат раиси ҷамоат расонида, барои ёрӣ дар ҷустуҷӯи одамон муроҷиат кардааст.
"Барои баргузории корҳои ҷустуҷӯӣ наҷотдиҳандагони Кумита сафарбар карда шуданд”, - омадааст дар хабарнома.
Ҳамроҳи наҷотдиҳандагон ва аҳолии маҳаллӣ корҳои ҷустуҷӯӣ оғоз гардида, рӯзи 4 феврал ҷасадҳои онҳо дарёфт ва аз зери барф берун оварда шуда, ба наздиконашон супурда шуд.
Ҳалокшудагон сокинони 48 ва 32-солаи деҳаи Ғускефи ҷамоати деҳоти Ромит мебошанд.
"Сарфи назар аз чандин маротиба огоҳ кардан дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ ва худдорӣ варзидан аз кӯҳбароӣ бо мақсади шикору ҷамъоварии ҳезум ва чаронидани чорво, бархе аз шаҳрвандон онҳоро нодида мегиранд, ки мутаассифона, ба фоҷеа боис мегардад", - таъкид кардааст ин ниҳод.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хотиррасон мекунад, ки обуҳавои гарми чанд рӯзи ахир хатари фаромадани тармаву ярч ва сангрезаро бештар мекунад ва аз ин рӯ, эҳтиёткору ҳушёр мебояд буд.