https://sputnik.tj/20210205/aliment-tojikiston-pardokht-parvandai-jinoi-1032772127.html
Ҳудуди 250 парвандаи ҷиноӣ барои саркашӣ аз пардохти алимент дар Тоҷикистон
Ҳудуди 250 парвандаи ҷиноӣ барои саркашӣ аз пардохти алимент дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Таҳлилҳо дар самти ситонидани маблағи алимент собит намуданд, ки 11 330 истеҳсолоти иҷро дар давраи ҳисоботӣ ворид гардидаанд 05.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-05T20:43+0500
2021-02-05T20:43+0500
2021-02-05T20:45+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102510/93/1025109382_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_c611da085bae963c6795397686e2467c.jpg
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои саркашӣ аз пардохти алимент ҳудуди 250 парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода хабар дод.Алимент насупорӣ ҳабс мешавӣ: дар Суғд ба 46 нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин шудБа гуфтаи вай, соли 2020 ҳангоми гузаронидани амалҳои иҷрои маҷбурӣ бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура нисбат ба 243 нафар қарздорон тибқи талаботи моддаи 177 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд."Таҳлилҳо дар самти ситонидани маблағи алимент собит намуданд, ки аз 11 330 истеҳсолоти иҷро, ки дар давраи ҳисоботӣ ворид гардидаанд ва ситониши давравиро пешбинӣ менамоянд, бо 11 154 адади он мунтазам амалҳои иҷро гузаронида шуд", - қайд кард Саидвализода.Ҳамчунин, афзуд сардори хадамот, 9 адади он бо дархости ситонандагон баргардонида шуда, 2 адад дар асоси санадҳои судӣ қатъ гардида, 8 адад тибқи тобеият ба дигар иҷрочиёни Хадамот, 154 адад ба муҳосиботи ҷойи кор ва 2 адад ба муҳосиботи ҷои адои ҷазои қарздорон ирсол гардидааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102510/93/1025109382_258:0:979:541_1920x0_80_0_0_e9d755d1bf4f383f8ab57d85bf4ccc54.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ
Ҳудуди 250 парвандаи ҷиноӣ барои саркашӣ аз пардохти алимент дар Тоҷикистон
20:43 05.02.2021 (Навсозишуда: 20:45 05.02.2021) Таҳлилҳо дар самти ситонидани маблағи алимент собит намуданд, ки 11 330 истеҳсолоти иҷро дар давраи ҳисоботӣ ворид гардидаанд
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои саркашӣ аз пардохти алимент ҳудуди 250 парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода хабар дод.
Ба гуфтаи вай, соли 2020 ҳангоми гузаронидани амалҳои иҷрои маҷбурӣ бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура нисбат ба 243 нафар қарздорон тибқи талаботи моддаи 177 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.
"Таҳлилҳо дар самти ситонидани маблағи алимент собит намуданд, ки аз 11 330 истеҳсолоти иҷро, ки дар давраи ҳисоботӣ ворид гардидаанд ва ситониши давравиро пешбинӣ менамоянд, бо 11 154 адади он мунтазам амалҳои иҷро гузаронида шуд", - қайд кард Саидвализода.
Ҳамчунин, афзуд сардори хадамот, 9 адади он бо дархости ситонандагон баргардонида шуда, 2 адад дар асоси санадҳои судӣ қатъ гардида, 8 адад тибқи тобеият ба дигар иҷрочиёни Хадамот, 154 адад ба муҳосиботи ҷойи кор ва 2 адад ба муҳосиботи ҷои адои ҷазои қарздорон ирсол гардидааст.