Вазир: дар кишвар норасоии омӯзгорони забони русиву англисӣ вуҷуд дорад

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкОмӯзгори мактаби миёна. Акс аз бойгонӣ
Омӯзгори мактаби миёна. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2021
Обуна шудан
Вазири маорифи Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷумҳурӣ 65 нафар омӯзгори забони русӣ ва 98 нафар омӯзгори забони англисӣ намерасад
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорифи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ эълон кард, ки дар ҷумҳурӣ норасоии омӯзгорони забони рӯси ва англисӣ вуҷуд дорад.
"Дар ҷумҳурӣ муаллимони забони русӣ намерасад, ин як чизи табии аст, лекин мо кӯшеш мекунем, дар кӯтоҳтарин муҳлат ин мушкилотро ҳал намоем. Дар ин бора супориши Президент ва ҳам дастури Ҳукумат ҳаст, то норасии омӯзгорони забони русиро аз байн бубарем. Мо барои ин кор имконият дорем", - гуфт вазири маорифи Тоҷикистон.
Вай зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки ҳоло дар қаламрави кишвар 65 нафар омӯзгори забони русӣ ва 98 нафар омӯзгори забони англисӣ намерасад.  
Председатель правительства РФ Михаил Мишустин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2020
Русия барои сохтмони мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон 30 миллион доллар ҷудо кард
Ҳамзамон вазир таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон мушкилоти омӯзиши забони русӣ дар мактабҳо вуҷуд надорад.
"Дар саросари кишвар мактабҳо бо забони русӣ фаъол ҳастанд. Дар мактабҳо ҳам синфҳои русӣ ва ҳам синфҳои тоҷикӣ мавҷуданд. Мо қариб ягон мушкилот надорем. Ҳамаи масъалаҳое, ки миёни Тоҷикистону Русия буданд, алакай ҳалли худро пайдо карданд”, - гуфт Муҳаммадюсуф Имомзода.
Дар ҳамин ҳол, вазири маориф зикр кард, ки дар рӯзҳои наздик шартнома дар бораи сохтмони мактабҳои русӣ дар панҷ шаҳр - Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода ба имзо хоҳад расид ва сохтмони мактабҳо оғоз меёбад.
“Ҳамаи мушкилот ҳалли худро пайдо кард, танҳо имзои шартнома мондааст. Ин масъала дар комиссияи байни ҳукуматӣ дар рӯзҳои наздик баррасӣ мешавад ва дар соли 2021 аллакай сохтмони ин мактабҳо оғоз меёбад”, - гуфт вазир
Иловатан, вазир изҳор дошт, ки санаи 8 феврали соли равон дар шаҳри Маскав миёни Русияву Тоҷикистон ҷаласаи байни ҳукуматӣ баргузор хоҳад шуд ва дар он қарор аст имзои шартномаи сохтмони мактабҳои русӣ дар панҷ шаҳр - Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сурат гирад.
Лентаи хабарҳо
0