https://sputnik.tj/20210204/tojikiston-voya-vaksina-AstraZeneca-1032758885.html
Тоҷикистон 732 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca мегирад
Тоҷикистон 732 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи маълумоти вазорати беҳдошти Тоҷикистон, миқдори муайяни ваксинаи зидди коронавирус ба мамлакат низ ворид мешавад ва ҳудуди 1,8 миллион нафар ва ё 20... 04.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-04T14:07+0500
2021-02-04T14:07+0500
2021-04-19T16:45+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1c/1032713133_0:67:3072:1795_1920x0_80_0_0_82e0cc03e1d466d94408170576279ec7.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX ҳудуди 732 ҳазор воя ваксинаи зидди коронавируси AstraZeneca мегирад.Кишварҳое, ки дар ташаббуси COVAX иштирок мекунанд, аз ин ваксина бархӯрдор мешаванд.Дафтари матбуоти СММ мегӯяд, ки як пешгӯии муваққатӣ рӯзи чоршанбе аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва шарикони он COVAX нашр шуд.COVAX як ташаббуси беназир барои хариди марказӣ ва паҳн кардани ваксинаҳои COVID-19 мебошад. Тибқи он, ҳукуматҳо ва истеҳсолкунандагон якҷоя кор карда, ҳам барои сарватмандон ва ҳам кишварҳои камбизоат ваксина мегиранд.Қаблан, роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфта буд, кишварҳое, ки ваксинаи зидди коронавирусро дастрас мекунанд, нахуст пирону табибонро бо он таъмин созандТедрос Аданом Гебресиесус гуфт "шумораи бештари ваксинаи зидди COVID-19 истеҳсол мегардад ва барои ҳама кофӣ хоҳад буд. Аммо, ваксинаҳо ҳоло дар ҳаҷми маҳдуд истеҳсол шудаанд. Мо бояд онҳоро то ҳадди имкон самаранок ва одилона тақсим кунем".Замони эмгузаронӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон маълум шуд: киҳо ваксин мегиранд?Тибқи маълумоти вазорати беҳдошти Тоҷикистон, миқдори муайяни ваксинаи зидди коронавирус ба мамлакат низ ворид мешавад ва ҳудуди 1,8 миллион нафар ва ё 20 фисади аҳолии Тоҷикистон бо ваксина таъмин мешаванд.Қайд гардид, ки ба гурӯҳи одамоне, ки алайҳи коронавирус эм мегиранд, кормандони соҳаи тиб, маориф, шахсони гирифтори бемориҳои музмин ва аҳолии аз 50 - сола боло шомил мебошанд.
https://sputnik.tj/20210123/SMM-tasim-vaksina-COVID-19-Tojikiston-1032680609.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1c/1032713133_232:0:2963:2048_1920x0_80_0_0_1d38e362a311d5bf6b32628ef533da5c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ
Тоҷикистон 732 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca мегирад
14:07 04.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Тибқи маълумоти вазорати беҳдошти Тоҷикистон, миқдори муайяни ваксинаи зидди коронавирус ба мамлакат низ ворид мешавад ва ҳудуди 1,8 миллион нафар ва ё 20 фисади аҳолии Тоҷикистон бо ваксина таъмин мешаванд
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX ҳудуди 732 ҳазор воя ваксинаи зидди коронавируси AstraZeneca мегирад.
Кишварҳое, ки дар ташаббуси COVAX иштирок мекунанд, аз ин ваксина бархӯрдор мешаванд.
Дафтари матбуоти СММ мегӯяд, ки як пешгӯии муваққатӣ рӯзи чоршанбе аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва шарикони он COVAX нашр шуд.
COVAX як ташаббуси беназир барои хариди марказӣ ва паҳн кардани ваксинаҳои COVID-19 мебошад. Тибқи он, ҳукуматҳо ва истеҳсолкунандагон якҷоя кор карда, ҳам барои сарватмандон ва ҳам кишварҳои камбизоат ваксина мегиранд.
Қаблан, роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфта буд, кишварҳое, ки ваксинаи зидди коронавирусро дастрас мекунанд, нахуст пирону табибонро бо он таъмин созанд
Тедрос Аданом Гебресиесус гуфт "шумораи бештари ваксинаи зидди COVID-19 истеҳсол мегардад ва барои ҳама кофӣ хоҳад буд. Аммо, ваксинаҳо ҳоло дар ҳаҷми маҳдуд истеҳсол шудаанд. Мо бояд онҳоро то ҳадди имкон самаранок ва одилона тақсим кунем".
Тибқи маълумоти вазорати беҳдошти Тоҷикистон, миқдори муайяни ваксинаи зидди коронавирус ба мамлакат низ ворид мешавад ва ҳудуди 1,8 миллион нафар ва ё 20 фисади аҳолии Тоҷикистон бо ваксина таъмин мешаванд.
Қайд гардид, ки ба гурӯҳи одамоне, ки алайҳи коронавирус эм мегиранд, кормандони соҳаи тиб, маориф, шахсони гирифтори бемориҳои музмин ва аҳолии аз 50 - сола боло шомил мебошанд.