https://sputnik.tj/20210204/ronanda-avtobus-poyga-navor-1032757091.html
Ҷарима ва ронда шудан аз кор: ҷазои ду ронандаи автобус барои ташкили пойга - навор
Ҷарима ва ронда шудан аз кор: ҷазои ду ронандаи автобус барои ташкили пойга - навор
Sputnik Тоҷикистон
Риоя намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ барои ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ, бахусус автобус ниҳоят зарур аст, зеро шумораи мусофирони ин навъи нақлиёт ба... 04.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-04T11:34+0500
2021-02-04T11:34+0500
2021-04-10T17:44+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
пойга
автобус
боздошт
видео
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102849/42/1028494235_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_a9dd7f43ff2fde7de876bf5444cf7de5.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Сабқат барои ҳар чӣ бештар савор кардани мусофирон ду ронандаи автобусро ба ҷаримаи ҳангуфт ва ҳамчунин маҳрум сохтан аз ҳаққи ронандагӣ оварда расонд.Ба иттилои Раёсати Вазорати умури дохилаи дар Душанбе, унвонии кормандони милисия як сокини пойтахт навореро ирсол намуд, ки дар он ташкил намудани пойгаи ғайриқонунии ду ронандаи автобуси мусофирбар сабт шудааст.Дар навор маълум аст, ки ду ронанждаи воситаи нақлиёти ҷамъиятии автобус, ки дар дохилаш мусофирони зиёде ҳузур доранд, байни ҳам сабқат ташкил намудаанд.Зимнан, кормандони РВУД дар шаҳри Душанбе ҳар ду ронандаи қонуншиканро даст намуданд. Манбаъ меафзояд, нисбат ба ҳар ду ронанда бо моддаи 326 иловаи 1 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.Ҳамакнун ҳар ду ронанда ба супоридани ҷарима аз 14 500 то 17 400 сомонӣ муваззаф шуданд. Илова бар ин, онҳо аз ҳуқуқи идора кардани воситаи нақлиёт ба мӯҳлати 2 сол маҳрум гардиданд.Ташкили пойгаҳи шабона дар Душанбе: ронандаҳо боздошту ҷазо дода шуданд - наворҲамзамон дар асоси фармоиши роҳбарияти Корхонаҳои воҳиди давлатии "Автобус 1" ва "Автобус 3" ронандагон Бердиев Саидмумин ва Закиров Абдусалом аз кор ронда шуданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102849/42/1028494235_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_bb8519a78425ced6f30f5e9fd92ca342.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, пойга, автобус, боздошт, видео
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, пойга, автобус, боздошт, видео
Ҷарима ва ронда шудан аз кор: ҷазои ду ронандаи автобус барои ташкили пойга - навор
11:34 04.02.2021 (Навсозишуда: 17:44 10.04.2021) Риоя намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ барои ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ, бахусус автобус ниҳоят зарур аст, зеро шумораи мусофирони ин навъи нақлиёт ба маротиб бештар аст
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Сабқат барои ҳар чӣ бештар савор кардани мусофирон ду ронандаи автобусро ба ҷаримаи ҳангуфт ва ҳамчунин маҳрум сохтан аз ҳаққи ронандагӣ оварда расонд.
Ба иттилои Раёсати Вазорати умури дохилаи дар Душанбе, унвонии кормандони милисия як сокини пойтахт навореро ирсол намуд, ки дар он ташкил намудани пойгаи ғайриқонунии ду ронандаи автобуси мусофирбар сабт шудааст.
Дар навор маълум аст, ки ду ронанждаи воситаи нақлиёти ҷамъиятии автобус, ки дар дохилаш мусофирони зиёде ҳузур доранд, байни ҳам сабқат ташкил намудаанд.
Зимнан, кормандони РВУД дар шаҳри Душанбе ҳар ду ронандаи қонуншиканро даст намуданд.
"Бердиев Саидмумумин ронандаи автобуси тамғаи АКИА ва Закиров Абдусалом ронандаи дигари автобуси тамғаи АКИА мебошад", - таъкид мешавад дар хабар.
Манбаъ меафзояд, нисбат ба ҳар ду ронанда бо моддаи 326 иловаи 1 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ҳамакнун ҳар ду ронанда ба супоридани ҷарима аз 14 500 то 17 400 сомонӣ муваззаф шуданд. Илова бар ин, онҳо аз ҳуқуқи идора кардани воситаи нақлиёт ба мӯҳлати 2 сол маҳрум гардиданд.
Ҳамзамон дар асоси фармоиши роҳбарияти Корхонаҳои воҳиди давлатии "Автобус 1" ва "Автобус 3" ронандагон Бердиев Саидмумин ва Закиров Абдусалом аз кор ронда шуданд.