Камабру бебориш: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / Sputnik \ Амир ИсаевВесенний Душанбе
Весенний Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2021
Обуна шудан
Оҷонси обуҳавошиносии Тоҷикистон пешгӯӣ мекунад, дар шаҳри Душанбе имрӯз то 15 дараҷа ҳаво гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад, хабар медиҳад агентии Ховар бо такя ба маълумоти Ожонси обуҳавошиносӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва  рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  23-28 ва рӯзона  5-10 дараҷа  хунук мешавад.
Цветы в снегу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2020
Дар Бадахшон ҳавои сарду дар пойтахт гарм: обуҳавои имрӯз дар Тоҷикистон
Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш  мешавад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук  ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм  мешавад.
Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона аз  3  дараҷа хунук  то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Бӯи баҳор меояд: имрӯз дар Тоҷикистон то 19 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш  мешавад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0