Конибодом: мавзеъҳои осебпазири канали Фарғона тоза карда мешавад

© Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаМавзеъҳои осебпазири канали калони Фарғона тоза карда мешавад
Мавзеъҳои осебпазири канали калони Фарғона тоза карда мешавад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2021
Обуна шудан
Канали Фарғона бо истифода аз 6 адад техникаҳои муҳандисии корхонаи воҳиди давлатии беҳдошти замин ва бо ширкати аҳолии шаҳр тоза карда мешавад
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Дар шаҳри Конибодом бо ташаббуси бахши Раёсати вилоят ва бо дастгирии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода зери иқдомизери иқдоми "Пешгирии ҳолатҳои фавқулода беҳтар аст, аз бартарафсозии он!" мавзеъҳои осебпазири канали калони Фарғона тоза карда шуд.
Ворота на въезде в Куляб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2020
Хатарнок аст: Раҳмон ва парлумон ҷои МОИ “Кӯлоб”-ро иваз карданд
КҲФ мегӯяд, ин иқдом ҳам барои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва ҳам тозаву озода нигоҳ доштани муҳити экологӣ роҳандозӣ гардида, аз ҷониби сокинони шаҳр низ хуш пазируфта шуд.
Корҳои соҳилбандиву мустаҳкамкунӣ асосан дар 25000 метри мукааб мавзеъҳои осебпазир ба нақша гирифта шуда, қариб 80% корҳо ба анҷом расонида шуданд.
Тибқи иттилои Кумита, корҳои мазкур бо истифода аз 6 адад техникаҳои муҳандисии корхонаи воҳиди давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ ва бо иштироки аҳолии шаҳр сурат мегиранд.
Зиндагии 600 хонавода дар минтақаҳои хатарнок дар Тоҷикистон
Манбаъ афзуд, ки канали мазкур асосан дар мавсими объёрӣ ҷиҳати беҳтар намудани вазъи обрасонӣ ба заминҳои полезӣ истифода бурда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0