https://sputnik.tj/20210204/Palatai-hisob-zarar-moliyav-ba-davlat--1032757635.html
Палатаи ҳисоб: зарари молиявӣ ба давлат дар як сол ба беш аз 252 миллион сомонӣ расид
Палатаи ҳисоб: зарари молиявӣ ба давлат дар як сол ба беш аз 252 миллион сомонӣ расид
Sputnik Тоҷикистон
Палатаи ҳисоб дар соли гузашта дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои... 04.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-04T12:57+0500
2021-02-04T12:57+0500
2021-04-19T16:53+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иқтисод
палатаи ҳисоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102791/51/1027915119_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_b984e39d5ccdbb9b7eba08f38637f01e.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Қарахон Чиллазода раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон рӯзи 4-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳангоми гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ асосан аз ҳисоби нодуруст ба нақша гирифтани маблағҳои буҷетӣ дар сметаҳои хароҷотӣ, нодуруст ҳисоб ва пардохт намудани музди меҳнати кормандон, сафархарҷиҳо ва дигар ҳиссаҷудокуниҳо ба буҷет камбудиҳо ошкор гардиданд.Вай инчунин таъкид дошт, ки камбудиҳо дар изофанависии корҳои сохтмонӣ, риоя накардани меъёри истифодаи сӯзишворӣ, беасос аз эътибор соқит намудани молу маводи арзишдор, зиёд нишон додани арзиши молу маводи харидшуда ва аз ҳисоби дигар фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ошкор шудаанд.Қарахон Чиллазода қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 272 чорабинии аудиторӣ гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 252,3 миллион сомонӣ муайян намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ шумораи аудитҳо 36 адад кам ва зарари молиявии ошкоргардида ба маблағи 18,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.Гуфта шудааст, ки аз маблағи умумии зарари молиявии ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 78,6 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 42,4 миллион сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 32,8 миллион сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 2,8 миллион сомонӣ мебошпд.Аз Вазорати маориф то “Барқи тоҷик”: Палатаи ҳисоб норасоии миллионҳо сомониро ошкор кардҲамзамон талафи воситаҳои пулию молӣ 5,2 миллион сомонӣ, талафи буҷет аз ҳисоби маблағҳои кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 51,3 миллион сомонӣ, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо 38,4 миллион сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 779,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20210204/Palatai-isob-yagon-vazoratu-idoraoi-davlat-be-kambud-nestand-1032756965.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102791/51/1027915119_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_556f1c9c61486d216139e39403334b04.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, палатаи ҳисоб
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, палатаи ҳисоб
Палатаи ҳисоб: зарари молиявӣ ба давлат дар як сол ба беш аз 252 миллион сомонӣ расид
12:57 04.02.2021 (Навсозишуда: 16:53 19.04.2021) Палатаи ҳисоб дар соли гузашта дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 272 санҷишҳои аудиторӣ анҷом додааст
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Қарахон Чиллазода раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон рӯзи 4-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳангоми гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ асосан аз ҳисоби нодуруст ба нақша гирифтани маблағҳои буҷетӣ дар сметаҳои хароҷотӣ, нодуруст ҳисоб ва пардохт намудани музди меҳнати кормандон, сафархарҷиҳо ва дигар ҳиссаҷудокуниҳо ба буҷет камбудиҳо ошкор гардиданд.
Вай инчунин таъкид дошт, ки камбудиҳо дар изофанависии корҳои сохтмонӣ, риоя накардани меъёри истифодаи сӯзишворӣ, беасос аз эътибор соқит намудани молу маводи арзишдор, зиёд нишон додани арзиши молу маводи харидшуда ва аз ҳисоби дигар фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ошкор шудаанд.
Қарахон Чиллазода қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 272 чорабинии аудиторӣ гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 252,3 миллион сомонӣ муайян намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ шумораи аудитҳо 36 адад кам ва зарари молиявии ошкоргардида ба маблағи 18,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Гуфта шудааст, ки аз маблағи умумии зарари молиявии ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 78,6 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 42,4 миллион сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 32,8 миллион сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 2,8 миллион сомонӣ мебошпд.
Ҳамзамон талафи воситаҳои пулию молӣ 5,2 миллион сомонӣ, талафи буҷет аз ҳисоби маблағҳои кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 51,3 миллион сомонӣ, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо 38,4 миллион сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 779,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.