https://sputnik.tj/20210204/Palatai-hisob-vazorati-maorif-zarar--1032756751.html
Аз Вазорати маориф то “Барқи тоҷик”: Палатаи ҳисоб норасоии миллионҳо сомониро ошкор кард
Аз Вазорати маориф то “Барқи тоҷик”: Палатаи ҳисоб норасоии миллионҳо сомониро ошкор кард
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини Палатаи ҳисоб имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид доштанд, ки камбудиҳои молиявӣ бештар дар сохторҳои зертобеи вазорати маориф ошкор гардидааст 04.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-04T10:43+0500
2021-02-04T10:43+0500
2021-04-19T16:53+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иқтисод
палатаи ҳисоб
ошкор
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/11/1031591750_0:1:3000:1689_1920x0_80_0_0_f265c682572a96a4a5c701989913323d.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Бино ба иттилои масъулини Палатаи ҳисоби Тоҷикистон соли гузашта дар вазорату идораҳои давлатӣ 193 санҷиш гузаронида шуд, ки дар онҳо зарари молиявӣ ба маблағи 95,3 миллион сомонӣ ошкор гардид.Намояндагони Палатаи Ҳисоб таъкид доштанд, ки аз 95,3 миллион сомонӣ он 92 миллион сомонӣ 94,4%, аз ҷумла ба буҷет 64 миллион ва ба ҳисоби корхонаҳо 22 миллион сомонӣ, тавасути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 5,1 миллион сомонӣ барқарор карда шуд. Ба иттилои манбаъ, камбудиҳои молиявӣ хусусан дар сохторҳои зертобеи Вазорати маориф 10,8 миллион сомонӣ, вазорати молия 810 ҳазор сомонӣ, вазорати нақлиёт 440 ҳазор сомонӣ, вазорати энергетика ва захираҳои об 499 ҳазор сомонӣ, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 134 ҳазор сомонӣ ошкор гардидааст.Вай афзуд ҳамчунин камбудиҳои молиявӣ дар Вазорати саноат ва техналогияиҳои нави Тоҷикистон 2,4 миллион, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ 135 ҳазор сомонӣ, Вазорати фарҳанг 136 ҳазор, Кумитаи дин 494 ҳазор сомонӣ, Кумитаи муҳити зист 218 ҳазор сомонӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ 2,7 миллион сомонӣ, Агентии омор 387 ҳазор сомонӣ, Агентии захираҳои модди назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон 5,7 миллион сомонӣ, Донишгоҳи милли Тоҷикистон 5,2 миллион сомонӣ ошкор гардид. Ҳамзамон масъулини Палатаи ҳисоб таъкид доштанд, ки дар сохторҳои зертобеи ширкати “Барқи тоҷик” ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ камбудиҳои молиявӣ ошкор гардидааст. Масъулини ин ниҳод зикр карданд, ки аксарияти ин камбудиҳо молиявӣ хусусан дар сохторҳои зертобеи вазорату идораҳо ошкор гардиданд.
https://sputnik.tj/20210113/suporish-sarvazirro-charo-vazorat-maorif-ijro-nakard-1032613998.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/11/1031591750_374:0:2626:1689_1920x0_80_0_0_fb2f2662da46f9d742fcbf3f190ce0bd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, палатаи ҳисоб, ошкор, маориф
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, палатаи ҳисоб, ошкор, маориф
Аз Вазорати маориф то “Барқи тоҷик”: Палатаи ҳисоб норасоии миллионҳо сомониро ошкор кард
10:43 04.02.2021 (Навсозишуда: 16:53 19.04.2021) Масъулини Палатаи ҳисоб имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид доштанд, ки камбудиҳои молиявӣ бештар дар сохторҳои зертобеи вазорати маориф ошкор гардидааст
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Бино ба иттилои масъулини Палатаи ҳисоби Тоҷикистон соли гузашта дар вазорату идораҳои давлатӣ 193 санҷиш гузаронида шуд, ки дар онҳо зарари молиявӣ ба маблағи 95,3 миллион сомонӣ ошкор гардид.
Намояндагони Палатаи Ҳисоб таъкид доштанд, ки аз 95,3 миллион сомонӣ он 92 миллион сомонӣ 94,4%, аз ҷумла ба буҷет 64 миллион ва ба ҳисоби корхонаҳо 22 миллион сомонӣ, тавасути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 5,1 миллион сомонӣ барқарор карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, камбудиҳои молиявӣ хусусан дар сохторҳои зертобеи Вазорати маориф 10,8 миллион сомонӣ, вазорати молия 810 ҳазор сомонӣ, вазорати нақлиёт 440 ҳазор сомонӣ, вазорати энергетика ва захираҳои об 499 ҳазор сомонӣ, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 134 ҳазор сомонӣ ошкор гардидааст.
Вай афзуд ҳамчунин камбудиҳои молиявӣ дар Вазорати саноат ва техналогияиҳои нави Тоҷикистон 2,4 миллион, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ 135 ҳазор сомонӣ, Вазорати фарҳанг 136 ҳазор, Кумитаи дин 494 ҳазор сомонӣ, Кумитаи муҳити зист 218 ҳазор сомонӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ 2,7 миллион сомонӣ, Агентии омор 387 ҳазор сомонӣ, Агентии захираҳои модди назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон 5,7 миллион сомонӣ, Донишгоҳи милли Тоҷикистон 5,2 миллион сомонӣ ошкор гардид.
Ҳамзамон масъулини Палатаи ҳисоб таъкид доштанд, ки дар сохторҳои зертобеи ширкати “Барқи тоҷик” ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ камбудиҳои молиявӣ ошкор гардидааст.
Масъулини ин ниҳод зикр карданд, ки аксарияти ин камбудиҳо молиявӣ хусусан дар сохторҳои зертобеи вазорату идораҳо ошкор гардиданд.