https://sputnik.tj/20210204/Bozdosht-sokin-badakhshon-zumrad-yokut-1032757393.html
Боздошти сокини 29 - солаи Бадахшон бо "зумрад" ва "ёқут"
Боздошти сокини 29 - солаи Бадахшон бо "зумрад" ва "ёқут"
Sputnik Тоҷикистон
Аз номбурда як миқдор сангҳои қиматбаҳои табиии навъи "зумрад" ва 4 - адад сангҳои намуди "ёқут" дарёфт ва мусодира карда шуд 04.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-04T12:10+0500
2021-02-04T12:10+0500
2021-02-04T12:27+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
бадахшон
боздошт
ҷавон
сангҳои қиматбаҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101824/65/1018246547_0:448:2047:1599_1920x0_80_0_0_b2a4468321c643538402b788f23c72b6.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Кормандони милисия сокини 29 - солаи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро боздошт намуданд, ки дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо муттаҳам дониста мешавад.Ба иттилои котиботи ВУД Тоҷикистон, зимни кофтукоби шахсӣ аз номбурда як миқдор сангҳои қиматбаҳои табии навъи "зумрад" ва 4 - адад сангҳои намуди "ёқут" дарёфт ва мусодира карда шуд.Мувофиқи маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сангҳои дарёфтшуда, навъи "ёқут" 112,49-грамм ва "зумрад" 64,40-граммро ташкил медиҳанд.Голубовский дар бораи содироти тилло ва металлҳои қимматбаҳо аз ТоҷикистонМанбаъ меафзояд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 284 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба шахсони воқеӣ дар ВМКБ имкон дода шуд, ки бевосита ба истихроҷи сангҳо ва металҳои қимматбаҳо сару кор гиранд.Бар тибқи маълумотҳо, соли гузашта 50 нафар аз миёни 116 сокини ин вилоят, ки барои истихроҷи канданиҳои фоиданок муроҷиат намуда буданд, иҷозат дарёфт карданд.Бештари сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба Швейтсария содирот шудаастФеълан дар ВМКБ се нуқтаи хариди метал ва сангҳои қимматбаҳо ташкил карда шудаст, ки яке дар шаҳри Хоруғ ва дуи дигар дар Рӯшон ва Мурғоб кушода шудаанд.
https://sputnik.tj/20201226/Migranyan-raqobat-ba-Tojikiston-imkon-namedihad-ki-dar-furshi-tillo-beshtar-kor-kunad-1032529309.html
бадахшон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101824/65/1018246547_0:256:2047:1791_1920x0_80_0_0_ec31463a0bcbce3041aaf15e28ebc62f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, бадахшон, боздошт, ҷавон, сангҳои қиматбаҳо
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, бадахшон, боздошт, ҷавон, сангҳои қиматбаҳо
Боздошти сокини 29 - солаи Бадахшон бо "зумрад" ва "ёқут"
12:10 04.02.2021 (Навсозишуда: 12:27 04.02.2021) Аз номбурда як миқдор сангҳои қиматбаҳои табиии навъи "зумрад" ва 4 - адад сангҳои намуди "ёқут" дарёфт ва мусодира карда шуд
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Кормандони милисия сокини 29 - солаи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро боздошт намуданд, ки дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо муттаҳам дониста мешавад.
Ба иттилои котиботи ВУД Тоҷикистон, зимни кофтукоби шахсӣ аз номбурда як миқдор сангҳои қиматбаҳои табии навъи "зумрад" ва 4 - адад сангҳои намуди "ёқут" дарёфт ва мусодира карда шуд.
Мувофиқи маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сангҳои дарёфтшуда, навъи "ёқут" 112,49-грамм ва "зумрад" 64,40-граммро ташкил медиҳанд.
Манбаъ меафзояд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 284 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба шахсони воқеӣ дар ВМКБ имкон дода шуд, ки бевосита ба истихроҷи сангҳо ва металҳои қимматбаҳо сару кор гиранд.Бар тибқи маълумотҳо, соли гузашта 50 нафар аз миёни 116 сокини ин вилоят, ки барои истихроҷи канданиҳои фоиданок муроҷиат намуда буданд, иҷозат дарёфт карданд.
Феълан дар ВМКБ се нуқтаи хариди метал ва сангҳои қимматбаҳо ташкил карда шудаст, ки яке дар шаҳри Хоруғ ва дуи дигар дар Рӯшон ва Мурғоб кушода шудаанд.