https://sputnik.tj/20210203/rahmon-tojikiston-korgoh-nizomiyon-libos-1032752621.html
Раҳмон аз коргоҳе дидан кард, ки барои низомиён либос медӯзад
Раҳмон аз коргоҳе дидан кард, ки барои низомиён либос медӯзад
Sputnik Тоҷикистон
Коргоҳи мазкур 6 ноябри соли 2017 ифтитоҳ шудаву асосан ба дӯхтани либос барои низомиёни тоҷик ва пойафзол ба онҳо машғул аст 03.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-03T15:25+0500
2021-02-03T15:25+0500
2021-04-19T16:53+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
эмомалӣ раҳмон
коргоҳ
низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102391/60/1023916055_0:0:2047:1157_1920x0_80_0_0_293f8de452867e97d81b0431c8195208.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон дар ҷамоати "Палос" аз коргоҳи "Дӯзандагӣ" ва "Пойафзолбарорӣ" дидан кард, гузориш медиҳад дафтари матбуоти президент.Коргоҳи мазкурро 6 ноябри соли 2016 Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, ба дӯхтани либос ва пойафзол барои низомиёни кишвар машғул мебошад.Гуфта мешавад, дар коргоҳи истеҳсоли пойафзол 50 нафар фаъолият менамоянд ва дар коргоҳи дӯзандагӣ 150 нафар бонувони маҳаллӣ ба дӯхти сару либоси низомӣ машғул мебошанд.Дар баробари бонувон ба дӯхти либоси низомӣ ва пойафзолбарорӣ сарбозон низ ҷалб гардидаанд.Ба иттилои масъулон, иқтидори истеҳсолии коргоҳи пойафзол 15 ҳазор ҷуфт дар як сол буда, дар ин коргоҳ ашёи хом асосан аз Федератсияи Русия дастрас гардида, пойафзоли босифати чармӣ истеҳсол карда мешавад. Соли 2020 аз рӯйи нақша қариб 20 ҳазор маҷмӯи сару либоси низомӣ дар корхона истеҳсол карда шуда, ашёи хом аз хориҷ ворид карда мешавад. Феълан нақша доранд, ки аз ҳисоби маҳсулоти ватанӣ ашёи хомро таъмин кунанд.Маврид ба зикр аст, дар шаҳри Бӯстон Корхонаи давлатии кишоварзии "Палос"-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, ки масоҳати умумии он 14 ҳазору 86 гектарро дар бар мегирад.Раҳмон: боғдориро зиёд намоед то ҷои кор шавадДар заминҳои корхона сабзавот, донагӣ, ғалла, пахта ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ кишту парвариш ва ҷамъоварӣ шуда, ба ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дастрас карда мешавад.Ҳамчунин дар корхона парвариши чорвои калону майда низ ба роҳ монда шудааст. Корхона дорои техникаи гуногуни кишоварзӣ буда, дар он 130 нафар кор мекунанд.
https://sputnik.tj/20190131/Beshtar-az-1500-dollar-arzishi-libosi-generaloi-toik-malum-shud-1028139181.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102391/60/1023916055_0:0:2047:1287_1920x0_80_0_0_0bbdb679abf25fe3f8ed751850625718.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, эмомалӣ раҳмон, коргоҳ, низомӣ
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, эмомалӣ раҳмон, коргоҳ, низомӣ
Раҳмон аз коргоҳе дидан кард, ки барои низомиён либос медӯзад
15:25 03.02.2021 (Навсозишуда: 16:53 19.04.2021) Коргоҳи мазкур 6 ноябри соли 2017 ифтитоҳ шудаву асосан ба дӯхтани либос барои низомиёни тоҷик ва пойафзол ба онҳо машғул аст
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон дар ҷамоати "Палос" аз коргоҳи "Дӯзандагӣ" ва "Пойафзолбарорӣ" дидан кард, гузориш медиҳад дафтари матбуоти президент.
Коргоҳи мазкурро 6 ноябри соли 2016 Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, ба дӯхтани либос ва пойафзол барои низомиёни кишвар машғул мебошад.
Гуфта мешавад, дар коргоҳи истеҳсоли пойафзол 50 нафар фаъолият менамоянд ва дар коргоҳи дӯзандагӣ 150 нафар бонувони маҳаллӣ ба дӯхти сару либоси низомӣ машғул мебошанд.
Дар баробари бонувон ба дӯхти либоси низомӣ ва пойафзолбарорӣ сарбозон низ ҷалб гардидаанд.
Ба иттилои масъулон, иқтидори истеҳсолии коргоҳи пойафзол 15 ҳазор ҷуфт дар як сол буда, дар ин коргоҳ ашёи хом асосан аз Федератсияи Русия дастрас гардида, пойафзоли босифати чармӣ истеҳсол карда мешавад.
Соли 2020 аз рӯйи нақша қариб 20 ҳазор маҷмӯи сару либоси низомӣ дар корхона истеҳсол карда шуда, ашёи хом аз хориҷ ворид карда мешавад. Феълан нақша доранд, ки аз ҳисоби маҳсулоти ватанӣ ашёи хомро таъмин кунанд.
Маврид ба зикр аст, дар шаҳри Бӯстон Корхонаи давлатии кишоварзии "Палос"-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, ки масоҳати умумии он 14 ҳазору 86 гектарро дар бар мегирад.
Дар заминҳои корхона сабзавот, донагӣ, ғалла, пахта ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ кишту парвариш ва ҷамъоварӣ шуда, ба ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дастрас карда мешавад.
Ҳамчунин дар корхона парвариши чорвои калону майда низ ба роҳ монда шудааст. Корхона дорои техникаи гуногуни кишоварзӣ буда, дар он 130 нафар кор мекунанд.