https://sputnik.tj/20210203/narkhi-benzin-bolo-meravad-tajikistan-1032752228.html
Оё дар соли 2021 нархи бензин боло меравад? посухи Хадамоти зиддиинҳисорӣ
Оё дар соли 2021 нархи бензин боло меравад? посухи Хадамоти зиддиинҳисорӣ
Sputnik Тоҷикистон
Соли гузашта нархи бензин ва сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба далели баланд шудани қимати он то 26 % дар Русия боло рафт 03.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-03T15:01+0500
2021-02-03T15:01+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
нақлиёт
бензин
сӯзишворӣ
сӯзишворӣ
нарх
болоравӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0f/1031577573_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_7a23e79a3ccf4a06dae7ce0cf445577c.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, Абдулмаҷид Мӯъминзод дар нишасти хабарӣ гуфт, соли 2020 дар Тоҷикистон танҳо нархи бензин боло рафта буд.Ба гуфти Муъминзода, тағйирот дар бозор ба дигар навъи сӯзишворӣ таъсир накард.Дар мавриди болоравии нархи бензин, ин ҳам ба он вобаста аст, ки дар Русия ҳамчун таъминкунандаи асосии ин навъи сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ, нархҳо то 26% афзудаанд.Дар баробари ин тағйироти нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ низ ба нархи бензин бетаъсир намонд.Ӯ афзуд, ки ба зудӣ нархи ҳама гуна сӯзишворӣ дар бозор муайян мешавад.Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ қайд кард, ки имрӯз дар бозори сӯзишвории дизелӣ дар кишвар 22 ширкат фаъолият мекунад ва тақрибан 20 ширкат дар интиқоли бензин дар кишвар машғуланд.Ширкати бузургтарини ин бахш "Газпромнефт" -и Русия аст, ки қариб 32% тамоми бозори сӯзишвории Тоҷикистонро фаро мегирад.Дар мавриди ҷаримаҳои ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ дар соли 2020, ки нархҳоро беасос баланд кардаанд, иттилоъ дода шуд, ки 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 300 ҳазор зиёд аст.Тоҷикистон чӣ қадар кони нафту тилло дорад? шарҳи мақомотДар маҷмӯъ, дар соли 2020 ба маблағи беш аз 11 миллион сомонӣ (966 ҳазор доллар) ҷарима муайян карда шудааст.
https://sputnik.tj/20210123/Narkhi-benzin-dizel-boz-bolo-raft-1032679221.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0f/1031577573_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_143fba8d0f41476bd64987ea2019d6fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, нақлиёт, бензин, сӯзишворӣ, сӯзишворӣ, нарх, болоравӣ, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, нақлиёт, бензин, сӯзишворӣ, сӯзишворӣ, нарх, болоравӣ, дар тоҷикистон
Оё дар соли 2021 нархи бензин боло меравад? посухи Хадамоти зиддиинҳисорӣ
15:01 03.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Соли гузашта нархи бензин ва сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба далели баланд шудани қимати он то 26 % дар Русия боло рафт
ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, Абдулмаҷид Мӯъминзод дар нишасти хабарӣ гуфт, соли 2020 дар Тоҷикистон танҳо нархи бензин боло рафта буд.
Ба гуфти Муъминзода, тағйирот дар бозор ба дигар навъи сӯзишворӣ таъсир накард.
Дар мавриди болоравии нархи бензин, ин ҳам ба он вобаста аст, ки дар Русия ҳамчун таъминкунандаи асосии ин навъи сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ, нархҳо то 26% афзудаанд.
Дар баробари ин тағйироти нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ низ ба нархи бензин бетаъсир намонд.
"Дар бораи тарифҳои нав дар бозор, то кунун аз ҷониби Ҳукумат ягон дастур нашудааст", - изҳор дошт Муъминзод.
Ӯ афзуд, ки ба зудӣ нархи ҳама гуна сӯзишворӣ дар бозор муайян мешавад.
Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ қайд кард, ки имрӯз дар бозори сӯзишвории дизелӣ дар кишвар 22 ширкат фаъолият мекунад ва тақрибан 20 ширкат дар интиқоли бензин дар кишвар машғуланд.
Ширкати бузургтарини ин бахш "Газпромнефт" -и Русия аст, ки қариб 32% тамоми бозори сӯзишвории Тоҷикистонро фаро мегирад.
Дар мавриди ҷаримаҳои ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ дар соли 2020, ки нархҳоро беасос баланд кардаанд, иттилоъ дода шуд, ки 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 300 ҳазор зиёд аст.
Дар маҷмӯъ, дар соли 2020 ба маблағи беш аз 11 миллион сомонӣ (966 ҳазор доллар) ҷарима муайян карда шудааст.