Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Замони авҷи мавҷи сеюми коронавирус дар Русия муайян шуд

© Sputnik / Евгений Козырев / Гузариш ба медиабонкСотрудницы в физико-химической лаборатории
Сотрудницы в физико-химической лаборатории - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Обуна шудан
Сармутахассиси Маркази ба номи Гамалея, Фёдор Лиситсин замони оғози мавҷи сеюми коронавирус дар Русияро гуфт
ДУШАНБЕ, 3 феврал - Sputnik. Дар Русия мавҷи сеюми коронавирус пешбинӣ шудааст, изҳор дошт мутахассиси пешбари Маркази Гамалея, Фёдор Лиситсин.
Ба гуфти ӯ, афзоиши сирояти коронавирус дар Русия метавонад дар фасли баҳор рух диҳад. Ҳамзамон, мутахассис шарти пешгирии сирояти оммавиро ном бурд.
"Мавҷи дигари коронавирус дар Русия ҳанӯз имконпазир аст ва танҳо эмгузаронии оммавӣ метавонад онро аз миён бардорад. Ин мавҷи марбут ба гармӣ аст", -  гуфт Лиситсин дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "Россия-24".
Ёдовар мешавем, ки эмгузаронии оммавӣ алайҳи коронавирус дар кишвар аз 18 январ оғоз ёфт. Эмкунӣ бо ваксинаҳои ватании "Sputnik V" ё "Epivakkorona" гузаронида мешавад.
Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2021
Олимон аз хуруҷи зуком дар зимистони оянда ҳушдор медиҳанд
Раҳбари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, Тедрос Аданом Гебресиесус дар бораи коҳиш ёфтани шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон хабар дод.
Ин тамоюл ҳафтаи сеюм аст, ки пай дар пай ба мушоҳида мерасад. Ҳамзамон, вай қайд кард, ки дар ҳама кишварҳо риояи тадбирҳои зидди эпидемиологии заруриро идома додан лозим аст.
Дархости роҳбари СҶБ: нахуст пирону табибонро бо ваксин таъмин кунед
Қаблан мутахассиси бемориҳои сироятии кӯдакон, Евгений Тимаков гуфта буд, ки кай дар Русия имкон мешавад аз ниқоб даст кашид. Ба гуфтаи вай, ин наздиктар ба фасли тобистон рух хоҳад дод, ки аксарияти аҳолӣ масунияти дастаҷамъӣ ба коронавирусро ташкил медиҳанд.
Дар навбати худ, роҳбари "Роспотребнадзор", Анна Попова қайд кард, ки ба хотима додани режими ниқоб дар Русия метавонад ваксинаи сареъ ва азими зидди COVID-19 мусоидат кунад.
Лентаи хабарҳо
0