https://sputnik.tj/20210203/abdulloh-masud-lavha-parijh-1032755365.html
Хушнудии Абдулоҳ Абдуллоҳ аз гузоштани лавҳаи ёдгории Аҳмадшоҳ Масъуд дар Париж
Хушнудии Абдулоҳ Абдуллоҳ аз гузоштани лавҳаи ёдгории Аҳмадшоҳ Масъуд дар Париж
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдории Порис қарор дод, ки ба хотири бузургдошти як муборизи афғонистонӣ, Аҳмадшоҳ Масъуд лавҳаи ёдгорӣ гузорад. Ин иқдоми шаҳрдорӣ боиси пазироии... 03.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-03T19:05+0500
2021-02-03T19:05+0500
2021-04-19T16:53+0500
дар ҷаҳон
ҳамаи хабарҳо
аҳмадшоҳ масъуд
афғонистон
қаҳрамон
лавҳа
бузургдошт
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/09/1031869941_0:29:3017:1726_1920x0_80_0_0_14840bd5bb898b86cc36a7da62897fa8.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, аз хабари лавҳагузорӣ ба қаҳрамони миллии Афғонистон изҳори хушнудӣ намудааст.Ӯ дар саҳифаи Фейсбук навиштааст, "аз ин иқдоми нек ва баҷои Шӯрои шаҳрдории Порис истиқбол ва ибрози ташаккур мекунем".Дар зимн, пештар муовини шаҳрдори Порис, Арноуд Гатча хабар дод, ки Шӯрои шаҳрдории Париж ба гузоштани лавҳаи ёдгорӣ дар ноҳияи 8-уми шаҳр ба қумандон Масъуд овоз дод.Тавре Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки яке аз ҷонибдорон ва дӯстони Масъуд баршуморида мешавад, навиштааст, бо масрурӣ иттилоъ ёфтем, ки Шӯрои шаҳрдории Париж файсала намудаст, то нишонеро дар ноҳияи 8-уми ин шаҳр барои ёдбуд аз шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии кишвар насб намояд."Ин иқдом ба поси муборизоти озодихоҳона ва сулҳҷӯёнаи қаҳрамони миллӣ ва ҳурмат гузоштан ба андешаҳои озодибахши ӯ сурат гирифтааст", - афзудааст Абдуллоҳ.Ёди Давлат Усмон аз вохӯриҳо бо Масъуд: суҳбат аз Тоҷикистон, Ҳикматёр, хости ИМА ва маргАҳмадшоҳ Масъуд, лақабаш шери Панҷшер, фармондеҳи маъруфи афғонистонӣ ва вазири вақти мудофиаи Афғонистон ва Қаҳрамони миллии Афғонистон аст. Ӯ дар дараи Панҷшери Афғонистон, дар хонаводаи тоҷик ба дунё омадааст.Масъуд байни тоҷикистониён низ маҳбубияти зиёд дорад. Арҷгузории сокинони кишварро тариқи навиштаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пӯшидани либос бо акси Масъуд ва ё кулоҳи бо ном пакул, ки доим дар сари Аҳмадшоҳ буд, метавон мушоҳида кард.
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/09/1031869941_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_57b2fd181c865ebb093d64033fabcd73.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, аҳмадшоҳ масъуд, афғонистон, қаҳрамон, лавҳа, бузургдошт, дар тоҷикистон
дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, аҳмадшоҳ масъуд, афғонистон, қаҳрамон, лавҳа, бузургдошт, дар тоҷикистон
Хушнудии Абдулоҳ Абдуллоҳ аз гузоштани лавҳаи ёдгории Аҳмадшоҳ Масъуд дар Париж
19:05 03.02.2021 (Навсозишуда: 16:53 19.04.2021) Шаҳрдории Порис қарор дод, ки ба хотири бузургдошти як муборизи афғонистонӣ, Аҳмадшоҳ Масъуд лавҳаи ёдгорӣ гузорад. Ин иқдоми шаҳрдорӣ боиси пазироии ҳаводорони фармондеҳи тоҷиктабор гаштааст
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, аз хабари лавҳагузорӣ ба қаҳрамони миллии Афғонистон изҳори хушнудӣ намудааст.
Ӯ дар саҳифаи Фейсбук навиштааст, "аз ин иқдоми нек ва баҷои Шӯрои шаҳрдории Порис истиқбол ва ибрози ташаккур мекунем".
Дар зимн, пештар муовини шаҳрдори Порис, Арноуд Гатча хабар дод, ки Шӯрои шаҳрдории Париж ба гузоштани лавҳаи ёдгорӣ дар ноҳияи 8-уми шаҳр ба қумандон Масъуд овоз дод.
"Париж нахустин шаҳре дар ҷаҳон аст, ки пас аз 20 соли марги озодихоҳе, ки барои озодии Афғонистон аз Толибон меҷангид, ӯро қадрдонӣ кард", - навишт Гатча.
Тавре Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки яке аз ҷонибдорон ва дӯстони Масъуд баршуморида мешавад, навиштааст, бо масрурӣ иттилоъ ёфтем, ки Шӯрои шаҳрдории Париж файсала намудаст, то нишонеро дар ноҳияи 8-уми ин шаҳр барои ёдбуд аз шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии кишвар насб намояд.
"Ин иқдом ба поси муборизоти озодихоҳона ва сулҳҷӯёнаи қаҳрамони миллӣ ва ҳурмат гузоштан ба андешаҳои озодибахши ӯ сурат гирифтааст", - афзудааст Абдуллоҳ.
Аҳмадшоҳ Масъуд, лақабаш шери Панҷшер, фармондеҳи маъруфи афғонистонӣ ва вазири вақти мудофиаи Афғонистон ва Қаҳрамони миллии Афғонистон аст. Ӯ дар дараи Панҷшери Афғонистон, дар хонаводаи тоҷик ба дунё омадааст.
Масъуд байни тоҷикистониён низ маҳбубияти зиёд дорад. Арҷгузории сокинони кишварро тариқи навиштаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пӯшидани либос бо акси Масъуд ва ё кулоҳи бо ном пакул, ки доим дар сари Аҳмадшоҳ буд, метавон мушоҳида кард.