https://sputnik.tj/20210203/Vazir-naqliyt-zarar-borkashoni-1032749733.html
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳаҷми зарар дар соҳаи бору мусофиркашониро гуфт
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳаҷми зарар дар соҳаи бору мусофиркашониро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ҳаҷми хисорот дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии кишварро ҳангоми пандемия гуфт 03.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-03T11:01+0500
2021-02-03T11:01+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иқтисод
вазири нақлиёт
азим иброҳим
боркашонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102895/39/1028953992_0:160:1303:893_1920x0_80_0_0_7c54111fbd238836d1d3633554f7bd44.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Пандемияи коронавирус ба интиқоли бор ва мусофиркашӣ ба маблағи 300 миллион сомонӣ зарар расонд, гуфт вазири нақлиёт, Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе."Зарар танҳо дар соҳаи боркашонии автомобилӣ беш аз 272 миллион сомониро ташкил додааст", - гуфт вазир.Раҳбари Вазорати нақлиёт илова кард, ки талафот дар умури ҳамлу нақли мусофирон 28,9 миллион сомониро ташкил додааст.Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми борҳое, ки Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" интиқол медиҳад, афзоиш ёфтааст.Ҳамин тариқ, ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" давоми соли гузашта 6,3 миллион тонна бор кашонд, ки 5,8 миллион тоннааш ҳамлу нақли байналмилалӣ мебошад.Қаблан Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ хабар дода буд, ки тақрибан 92,3% ҳаҷми умумии борҳо дар Тоҷикистон ба нақлиёти автомобилӣ рост меояд.
https://sputnik.tj/20210102/Kohishi-musofirbariyu-afzoishi-borkashoni-dar-Dushanbe-1032568796.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102895/39/1028953992_113:131:1238:975_1920x0_80_0_0_698c035cfd3e853cfb367ea461cc93e6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, вазири нақлиёт, азим иброҳим, боркашонӣ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, вазири нақлиёт, азим иброҳим, боркашонӣ
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳаҷми зарар дар соҳаи бору мусофиркашониро гуфт
11:01 03.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ҳаҷми хисорот дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии кишварро ҳангоми пандемия гуфт
ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Пандемияи коронавирус ба интиқоли бор ва мусофиркашӣ ба маблағи 300 миллион сомонӣ зарар расонд, гуфт вазири нақлиёт, Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.
"Зарар танҳо дар соҳаи боркашонии автомобилӣ беш аз 272 миллион сомониро ташкил додааст", - гуфт вазир.
Раҳбари Вазорати нақлиёт илова кард, ки талафот дар умури ҳамлу нақли мусофирон 28,9 миллион сомониро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми борҳое, ки Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" интиқол медиҳад, афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" давоми соли гузашта 6,3 миллион тонна бор кашонд, ки 5,8 миллион тоннааш ҳамлу нақли байналмилалӣ мебошад.
Қаблан Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ хабар дода буд, ки тақрибан 92,3% ҳаҷми умумии борҳо дар Тоҷикистон ба нақлиёти автомобилӣ рост меояд.