https://sputnik.tj/20210203/Shohroh-Dushanbe-Bokhtar-pulaki-1032754715.html
Шоҳроҳи Душанбе - Бохтар пулакӣ мешавад? Посухи вазири нақлиёт
Шоҳроҳи Душанбе - Бохтар пулакӣ мешавад? Посухи вазири нақлиёт
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон шарҳ дод, ки оё дар ҷумҳурӣ роҳҳои нави пулакӣ ба нақша гирифта шудааст ё на 03.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-03T17:57+0500
2021-02-03T17:57+0500
2021-02-03T18:48+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
нақлиёт
роҳ
вазорати нақлиёт
азим иброҳим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102760/70/1027607082_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_c7998d2e1e4082d13319e21c1b7f7c5c.jpg
ДУШАНБЕ, 3 феврал - Sputnik. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки масъалаи кушодани роҳҳои нави пулакӣ дар кишвар ҳанӯз баррасӣ нашудааст.Ба гуфтаи вазир, имсол татбиқи марҳилаҳои якум ва дуюми лоиҳаи кушодани шоҳроҳи Душанбе-Бохтар ба анҷом мерасад.Дар ин муддат шоҳроҳ аз нав сохта мешавад.Гуфта мешавад, масъалаи ҷорӣ кардани пардохтҳо барои истифодаи роҳи нав аз марказ ба ҷануби ҷумҳурӣ, ҳанӯз ба миён гузошта нашудааст."Инчунин як роҳи 9,2 километрӣ бозсозӣ мешавад - ин марҳилаи сеюми лоиҳаи Кизилқалъа - Бохтар аст. Аммо дар бораи ҷорӣ кардани ҳаракати пулакӣ дар ин роҳ сухане нест", - гуфт вазири нақлиёт.Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон танҳо як роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ (Хуҷанд) мавҷуд аст, ки ба он филиали ширкати "Innovative Solutions International" (IRS) хидмат мерасонад.Русия парвозҳоро бо ду кишвари дигар ба роҳ мондРоҳи автомобилгарди мазкур, ки ҳамлу нақли бор бештар тавассути он сурат мегирад, минтақаи шимолии кишварро бо қисматҳои марказӣ ва ҷанубӣ мепайвандад, ки дар он шаш нуқтаи ҷамъоварии маблағ мавҷуд аст.
https://sputnik.tj/20210203/Vazir-taksi-man-qonun--1032753602.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102760/70/1027607082_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_2ade1ce040e898faf6363907b70548e4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, нақлиёт, роҳ, вазорати нақлиёт, азим иброҳим
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, нақлиёт, роҳ, вазорати нақлиёт, азим иброҳим
Шоҳроҳи Душанбе - Бохтар пулакӣ мешавад? Посухи вазири нақлиёт
17:57 03.02.2021 (Навсозишуда: 18:48 03.02.2021) Вазорати нақлиёти Тоҷикистон шарҳ дод, ки оё дар ҷумҳурӣ роҳҳои нави пулакӣ ба нақша гирифта шудааст ё на
ДУШАНБЕ, 3 феврал - Sputnik. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки масъалаи кушодани роҳҳои нави пулакӣ дар кишвар ҳанӯз баррасӣ нашудааст.
Ба гуфтаи вазир, имсол татбиқи марҳилаҳои якум ва дуюми лоиҳаи кушодани шоҳроҳи Душанбе-Бохтар ба анҷом мерасад.
Дар ин муддат шоҳроҳ аз нав сохта мешавад.
Гуфта мешавад, масъалаи ҷорӣ кардани пардохтҳо барои истифодаи роҳи нав аз марказ ба ҷануби ҷумҳурӣ, ҳанӯз ба миён гузошта нашудааст.
"Инчунин як роҳи 9,2 километрӣ бозсозӣ мешавад - ин марҳилаи сеюми лоиҳаи Кизилқалъа - Бохтар аст. Аммо дар бораи ҷорӣ кардани ҳаракати пулакӣ дар ин роҳ сухане нест", - гуфт вазири нақлиёт.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон танҳо як роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ (Хуҷанд) мавҷуд аст, ки ба он филиали ширкати "Innovative Solutions International" (IRS) хидмат мерасонад.
Роҳи автомобилгарди мазкур, ки ҳамлу нақли бор бештар тавассути он сурат мегирад, минтақаи шимолии кишварро бо қисматҳои марказӣ ва ҷанубӣ мепайвандад, ки дар он шаш нуқтаи ҷамъоварии маблағ мавҷуд аст.