https://sputnik.tj/20210203/Rusiya-marz-roh-ohan-1032754806.html
Русия марзашро ба роҳи оҳан кушод: бо кадом давлат?
Русия марзашро ба роҳи оҳан кушод: бо кадом давлат?
Sputnik Тоҷикистон
Аз Русия акнун тариқи роҳи оҳан низ сафар кардан иҷозат шуд, аммо марз барои қаторҳои роҳи оҳан, танҳо бо як кишвар боз шуд 03.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-03T18:30+0500
2021-02-03T18:30+0500
2021-04-12T14:33+0500
ҳамаи хабарҳо
дар русия
нақлиёт
марз
роҳи оҳан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/03/1032753086_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_a257d76199c50ea8e45d03089dc8a5ef.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Русия иртиботи роҳи оҳан бо Белорусро аз сар мегирад, хабар медиҳад вебгоҳи сарвазири Русия.Қарори аз сар гирифтани роҳи оҳан ба Белорусро сарвазир Михаил Мишустин ба тасвиб расонд. Зимнан, кушода шудани роҳи оҳан ба Белорусро Ситоди фаврӣ оиди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус низ тасдиқ намудааст.Бар тибқи қарор мазкур, иртибот аз 8 феврал дар масири Минск - Маскав - Минск ва Маскав - Калининград, Калининград - Санкт-Петербург барқарор карда мешавад.Илова бар ин, хабар дода мешавад, ки парвозҳо миёни Русия ва Белорус низ афзоиш меёбанд.Зимнан, Русия парвозҳоро бо Озарбойҷон ва Арманистон низ ба роҳ мемонад.Ҳукумати Русия шарҳ додааст, ки парвозҳо байни кишварҳо аз 15 феврал оғоз мешаванд.Қарор дар бораи барқарор кардани парвозҳо бо сабаби беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ гирифта шудааст.Афзоиши содироти маҳсулоти Хатлон ба хориҷ ва сабукиҳои "Роҳи оҳан" ба соҳибкоронДар ҳоли ҳозир, сокинони Федератсияи Русия метавонанд ба зиёда аз 15 кишвар аз қабили Белорус, Миср, Қазоқистон, Куба, Қирғизистон, АМА, Сербия, Туркия, Танзания, Швейтсария, Эфиопия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва ғайра парвоз кунанд.Равобит миёни Тоҷикистону Русия дар самти роҳи оҳан ҳамоно баста аст. Қаблан сафири Тоҷикистон дар Русия Иммомуддин Сатторов гуфт, ки дар бораи кушодани роҳи оҳан дар вазъи мусоиди эпидемологӣ фикр доранд ва пешниҳодҳо низ ба ҳукумат ва Ситоди фаврӣ ирсол шудааст.
https://sputnik.tj/20201210/Iftitoi-nakhustin-roi-oan-mini-Eronu-Afoniston-Ruon-guft-robitao-avitar-meshavad-1032428489.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/03/1032753086_31:0:2762:2048_1920x0_80_0_0_b2114727bdc254bcc988e4d55a6ed214.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар русия, нақлиёт, марз, роҳи оҳан
ҳамаи хабарҳо, дар русия, нақлиёт, марз, роҳи оҳан
Русия марзашро ба роҳи оҳан кушод: бо кадом давлат?
18:30 03.02.2021 (Навсозишуда: 14:33 12.04.2021) Аз Русия акнун тариқи роҳи оҳан низ сафар кардан иҷозат шуд, аммо марз барои қаторҳои роҳи оҳан, танҳо бо як кишвар боз шуд
ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Русия иртиботи роҳи оҳан бо Белорусро аз сар мегирад, хабар медиҳад вебгоҳи сарвазири Русия.
Қарори аз сар гирифтани роҳи оҳан ба Белорусро сарвазир Михаил Мишустин ба тасвиб расонд. Зимнан, кушода шудани роҳи оҳан ба Белорусро Ситоди фаврӣ оиди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус низ тасдиқ намудааст.
Бар тибқи қарор мазкур, иртибот аз 8 феврал дар масири Минск - Маскав - Минск ва Маскав - Калининград, Калининград - Санкт-Петербург барқарор карда мешавад.
Илова бар ин, хабар дода мешавад, ки парвозҳо миёни Русия ва Белорус низ афзоиш меёбанд.
Зимнан, Русия парвозҳоро бо Озарбойҷон ва Арманистон низ ба роҳ мемонад.
Ҳукумати Русия шарҳ додааст, ки парвозҳо байни кишварҳо аз 15 феврал оғоз мешаванд.
Қарор дар бораи барқарор кардани парвозҳо бо сабаби беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ гирифта шудааст.
Дар ҳоли ҳозир, сокинони Федератсияи Русия метавонанд ба зиёда аз 15 кишвар аз қабили Белорус, Миср, Қазоқистон, Куба, Қирғизистон, АМА, Сербия, Туркия, Танзания, Швейтсария, Эфиопия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва ғайра парвоз кунанд.
Равобит миёни Тоҷикистону Русия дар самти роҳи оҳан ҳамоно баста аст. Қаблан сафири Тоҷикистон дар Русия Иммомуддин Сатторов гуфт, ки дар бораи кушодани роҳи оҳан дар вазъи мусоиди эпидемологӣ фикр доранд ва пешниҳодҳо низ ба ҳукумат ва Ситоди фаврӣ ирсол шудааст.