https://sputnik.tj/20210203/Otamboev-mariz-murofia-takhir-1032755324.html
Отамбоев мариз аст: ин дафъа низ мурофиаи ӯ ба таъхир афтод
Отамбоев мариз аст: ин дафъа низ мурофиаи ӯ ба таъхир афтод
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ кишвардори Қирғизистон, Алмосбек Отамбоев феълан дар муассисаи ислоҳии рақами 47 мавриди тадовӣ қарор дорад 03.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-03T19:02+0500
2021-02-03T19:02+0500
2021-02-03T19:06+0500
ҳамаи хабарҳо
осиёи марказӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
алмосбек отамбоев
маризӣ
мурофиа
таъхир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102963/84/1029638457_0:0:2550:1435_1920x0_80_0_0_493751f25cec9a1099e647f2fd22e8cf.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Кишвардори собиқи Қирғизистон, Алмосбек Отмабоевро ба толори додгоҳ наоварданд, хабар медиҳад котиботи Додгоҳи ноҳияи Первомай.Бар хабари манбаъ, собиқ раисҷумҳур мариз аст ва феълан дар муассисаи ислоҳии рақами 47 табобат мегирад.Ҳамин тариқ мурофиаи навбатӣ ба рӯзи 17 феврал гузаронда шуд. Ин аллакай маротибаи чандум мешавад, ки бинобар бад будани вазъи саломатии Отамбоев мурофиаи ӯ баргузор намегардад ва ба таъхир меафтад.Алмосбек Отамбоев ҳоло дар колонияи ислоҳии рақами 47 нигаҳдорӣ мешавад, ки дар он маҳбусон ё маҳкумшудагон табобат мегиранд.Ӯро бинобар бад шудани вазъи саломатияш охири соли 2020 аз боздоштгоҳи муваққатии КДАМ интиқол доданд. Президенти собиқ барои раҳоии Батукаев ба 11 солу 2 моҳи зиндон маҳкум шуд. Суди олӣ ин ҳукмро бекор кард ва парвандаро барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Первомайск ирсол кард.Эътирози пайвандон ва ҷонибдорони Отамбоев назди бинои суд - наворБояд гуфт, ки Отамбоев ҳамчунин дар дигар парвандаҳои ҷиноӣ низ айбдор мешавад. Қаблан суд қарор кард, ки ҳамаи парвандаҳояшро дар як мурофиа якҷоя баррасӣ кунад.
https://sputnik.tj/20210114/Otamboev-etiroz-jonibdoron-dodgoh-1032621655.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102963/84/1029638457_101:0:2506:1804_1920x0_80_0_0_8c1a90b766ed3da29111471921017de8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, алмосбек отамбоев, маризӣ, мурофиа, таъхир
ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, алмосбек отамбоев, маризӣ, мурофиа, таъхир
Отамбоев мариз аст: ин дафъа низ мурофиаи ӯ ба таъхир афтод
19:02 03.02.2021 (Навсозишуда: 19:06 03.02.2021) Собиқ кишвардори Қирғизистон, Алмосбек Отамбоев феълан дар муассисаи ислоҳии рақами 47 мавриди тадовӣ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Кишвардори собиқи Қирғизистон, Алмосбек Отмабоевро ба толори додгоҳ наоварданд, хабар медиҳад котиботи Додгоҳи ноҳияи Первомай.
Бар хабари манбаъ, собиқ раисҷумҳур мариз аст ва феълан дар муассисаи ислоҳии рақами 47 табобат мегирад.
Ҳамин тариқ мурофиаи навбатӣ ба рӯзи 17 феврал гузаронда шуд. Ин аллакай маротибаи чандум мешавад, ки бинобар бад будани вазъи саломатии Отамбоев мурофиаи ӯ баргузор намегардад ва ба таъхир меафтад.
Алмосбек Отамбоев ҳоло дар колонияи ислоҳии рақами 47 нигаҳдорӣ мешавад, ки дар он маҳбусон ё маҳкумшудагон табобат мегиранд.
Ӯро бинобар бад шудани вазъи саломатияш охири соли 2020 аз боздоштгоҳи муваққатии КДАМ интиқол доданд.
Президенти собиқ барои раҳоии Батукаев ба 11 солу 2 моҳи зиндон маҳкум шуд. Суди олӣ ин ҳукмро бекор кард ва парвандаро барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Первомайск ирсол кард.
Бояд гуфт, ки Отамбоев ҳамчунин дар дигар парвандаҳои ҷиноӣ низ айбдор мешавад. Қаблан суд қарор кард, ки ҳамаи парвандаҳояшро дар як мурофиа якҷоя баррасӣ кунад.