Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо дархости Қирғизистон

Обуна шудан
Мақомоти интизомии Русия бо дархости Қирғизистон шаҳрванди 45-солаи Тоҷикистон, Фурқат Абдулфаттоҳовро дар ҷумҳурии Бошқирдистон боздошт кардаанд
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Қирғизистон аз тариқи полиси байналмилалӣ бо таҳти таъқиб қарор додани Фурқат Абдулфаттоҳов муддаӣ шудааст, ки вай шаби 13 марти соли 2020 дар даргирии миёни сокинони деҳоти марзии ноҳияҳои Исфара ва Бодканд ба сӯи қирғизҳо тирандозӣ кардааст, иттилоъ додааст радиои тоҷикии "Садои Хуросон".
Пограничник на смотровой вышке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2020
Тоҷикистону Қирғизистон нақшаи кории соли 2021 - ро муайян карданд
Дар ҳамин ҳол, наздикони муҳоҷири боздоштшуда аз Тоҷикистон дар номае ба мақомоти интизомии Русия таъкид карданд, ки Фурқат Абдулфаттоҳов дар торихи ёдшуда аслан дар Тоҷикистон ҳузур надошта ва дар Русияи машғул ба кор будааст.
Тибқи иттилои ҳамин манбаъ, як моҳ қабл низ  сокини дигари деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон, Диловар Ҷӯраев ба иттиҳоми мушобеҳ ва бар асоси дархости тарафи Қирғизистон дар Русия боздошт шуда буд.
Гуфта мешавад, ки мақомоти қазоии Қирғизистон 23 сокини деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараи Тоҷикистонро ба иттиҳоми мушорикат дар даргирии марзӣ бо қирғизҳо таҳти таъқиби полиси байналмилалӣ қарор додаанд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки ба далели ихтилоф бар сари манобеи об, чарогоҳҳо ва роҳҳои иртиботӣ бо вуҷуди беш аз 25 соли музокирот танҳо дар мавриди аломатгузорӣ 504 километр аз манотиқи марзӣ ба тавофуқ расидаанд.
Лентаи хабарҳо
0