https://sputnik.tj/20210202/tojikiston-uzbekiston-gaz-voridot-1032745402.html
Тоҷикистон хариди газро аз Ӯзбекистон афзоиш доданист
Тоҷикистон хариди газро аз Ӯзбекистон афзоиш доданист
Sputnik Тоҷикистон
Маълум гардид, ки дар соли 2021 Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориҳои энергетикиашонро тақвият мебахшанд 02.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-02T14:52+0500
2021-02-02T14:52+0500
2021-02-02T14:54+0500
осиёи марказӣ
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102599/02/1025990229_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_58e9a856a057cfe355efb12660435190.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Тоҷикистон нақша дорад ҳаҷми вориди гази Ӯзбекистонро зиёд кунад, хабар дод муовини раиси "Тоҷиктрансгаз" Шавкат Шоимов дар рафти нишасти матбуотӣ.Бино бар пешбиниҳо, ҳаҷми гази воридшаванда аз кишвари ҳамсоя 250 миллион кубометрро ташкил хоҳад дод.Ин назар ба газе, ки онро дар соли 2020 Тоҷикистон ворид кардааст, ба 11 дар сад бештар аст. Соли гузашта аз кишвари ҳамсоя 225 миллион кубометр газ ворид карда шуда буд.Ба гуфтаи Шоимов, созишномаи вижа байни "Тоҷиктрансгаз" ва "Узтрансгаз" аллакай ба имзо расидааст.Дар умум 20 коргоҳ дар Тоҷикистон гази Ӯзбекистонро масраф мекунанд.Пештар хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон охирҳои моҳи январ якора нархи гази моеъ гарон шуд.Ба гуфтаи сокинони кишвар, нархи гази моеъ ва бензину дизел якбора ба 4,3 ва 6,6 сомонӣ дакка хурдааст.Дар баъзе аз навоҳии Тоҷикистон фурӯши газ 0,30 сомонӣ ва бензину дизел то ба 0,40 сомонӣ баланд шудааст. Ронандаҳо мегуянд, болоравии нарх ба ҷайби онҳо зарба мезанад.Нархи газ ва бензину дизел дар Тоҷикистон якбора то 10% гарон шудДар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷа асосан аз кишвари Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад. Бино ба иттилоъи мақомоти гумрук, соли гузашта беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, 180 ҳазор тон бензин ва бештар аз 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст.Ширкатҳои "Фароз", "Газпром", "Газойл", "Ориё", "Роҳи Сомон нафт", "Се ганҷ" ва "Суғднефт" аз ҷумлаи воридкунандаҳои маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
https://sputnik.tj/20201223/Gazi-tabii-Uzbekiston-ba-Sugd-rasid-masulin-guftand-avval-ba-ki-medihand-1032510954.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102599/02/1025990229_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_a16ddde817f85172e6906e076dcd080e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осиёи марказӣ, ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод
осиёи марказӣ, ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод
Тоҷикистон хариди газро аз Ӯзбекистон афзоиш доданист
14:52 02.02.2021 (Навсозишуда: 14:54 02.02.2021) Маълум гардид, ки дар соли 2021 Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориҳои энергетикиашонро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Тоҷикистон нақша дорад ҳаҷми вориди гази Ӯзбекистонро зиёд кунад, хабар дод муовини раиси "Тоҷиктрансгаз" Шавкат Шоимов дар рафти нишасти матбуотӣ.
Бино бар пешбиниҳо, ҳаҷми гази воридшаванда аз кишвари ҳамсоя 250 миллион кубометрро ташкил хоҳад дод.
Ин назар ба газе, ки онро дар соли 2020 Тоҷикистон ворид кардааст, ба 11 дар сад бештар аст. Соли гузашта аз кишвари ҳамсоя 225 миллион кубометр газ ворид карда шуда буд.
Ба гуфтаи Шоимов, созишномаи вижа байни "Тоҷиктрансгаз" ва "Узтрансгаз" аллакай ба имзо расидааст.
Дар умум 20 коргоҳ дар Тоҷикистон гази Ӯзбекистонро масраф мекунанд.
Пештар хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон охирҳои моҳи январ якора нархи гази моеъ гарон шуд.
Ба гуфтаи сокинони кишвар, нархи гази моеъ ва бензину дизел якбора ба 4,3 ва 6,6 сомонӣ дакка хурдааст.
Дар баъзе аз навоҳии Тоҷикистон фурӯши газ 0,30 сомонӣ ва бензину дизел то ба 0,40 сомонӣ баланд шудааст. Ронандаҳо мегуянд, болоравии нарх ба ҷайби онҳо зарба мезанад.
Дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷа асосан аз кишвари Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад. Бино ба иттилоъи мақомоти гумрук, соли гузашта беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, 180 ҳазор тон бензин ва бештар аз 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Ширкатҳои "Фароз", "Газпром", "Газойл", "Ориё", "Роҳи Сомон нафт", "Се ганҷ" ва "Суғднефт" аз ҷумлаи воридкунандаҳои маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.