Чипси хуҷандӣ: Раҳмон дар Хуҷанд корхонаи нав ифтитоҳ кард

CC0 / Pxhere / Чипсы, архивное фото
Чипсы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон оғоз бахшид
ДУШАНБЕ, 2 фев— Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқӣ ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон оғоз бахшид, гузориш медиҳад дафтари матбуоти президент.
Гуфта мешавад, иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ аз 15 то 18 тонна маҳсулоти босифати ғизоиро дар бар мегирад.
Колоски - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2021
Дар Суғд корхонаи коргарди ғалла ифтитоҳ мешавад
"Дар корхонаи нави саноатӣ 22 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд, ки аксари онҳоро занону бонувони маҳаллӣ ташкил медиҳанд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Мавриди зикр аст, ки дар корхонаи навтаъсис аввалан нон бо шакли махсус ва тамъи хосса пухта шуда, баъдан коркард мегардад, ки аз он 6 номгӯй маҳсулоти босифат бо тамъҳои гӯшти мурғ, қаймоқ, кабутӣ, паниру сихкабоб ва ҳасибу моҳӣ истеҳсол мешаванд.
Бояд гуфт, ки қаблан маҳсулоти коркардшудаи нонӣ аз хориҷи мамлакат ворид мешуд ва арзиши гарон дошт.
Расонаҳо: чоряки корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дар соли 2020 фаъолият накарданд
Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон президент аз намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳи нави саноатӣ дидан кард.
Дар ҳамин ҷо ба Эмомалӣ Раҳмон аз истеҳсоли маҳсулоти дигари ғизоӣ, ки дар натиҷаи коркарди картошкаи маҳаллӣ истеҳсол мешавад, иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки дар сехи алоҳидаи тобеи корхонаи мазкур коркарди картошка ба роҳ монда шудааст ва аз он маҳсулоти хушсифату болаззат омода мегардад.
Лентаи хабарҳо
0