https://sputnik.tj/20210202/Prokuror-latu-kub-Odinaev-beasos-1032743407.html
Прокурори генералӣ лату кӯб шудани Одинаевро беасос хонд: “иғво аст”
Прокурори генералӣ лату кӯб шудани Одинаевро беасос хонд: “иғво аст”
Sputnik Тоҷикистон
Юсуф Раҳмон, додситони куллӣ кишвар хабар шиканҷа шудани Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро инкор кард 02.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-02T11:12+0500
2021-02-02T11:12+0500
2021-04-19T16:53+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
прокурор
шиканҷа
ҳсдт
ҳизби сосиал-демократи тоҷикистон
юсуф раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/33/1030623316_0:234:3000:1922_1920x0_80_0_0_3ca2c25424e90f1779515e0de63c920b.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев - Sputnik. Номбурда имрӯз зимни нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ки лату кӯби Одинаев ягон асос надорад.Номбурда гуфт, "Гапи лату кӯб шудани ӯ дурӯғу, иғво аст".Ба таъкиди додситони кул алайҳи муовини зиндоншудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи кишвар далелҳои кофӣ мавҷуд аст.Ёдовар мешавем, додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал демкоратии Тоҷикистон ва яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро барои 14-сол равонаи зиндон кард.Пас аз додгоҳ, Одинаев ба хабарнигорон гуфта буд, ки мавриди лату кӯб қарор гирифтааст.Гуфта шудааст, ки додгоҳ Маҳмурод Одинаевро ба авбошӣ ва даъвати ом ба ифротгароӣ гунаҳкор донист, аммо худи ӯ ҳукми додгоҳро напазируфт. Раҳбарияти ҲСДТ ва наздикони Одинаев гуфтанд, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва ба зинаҳои болоӣ шикоят мебаранд.Маҳмурод Одинаевро санаи 5-уми декабри соли гузашта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд.Намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ба зидди ӯ 20-уми ноябр бо гумони "авбошӣ" парванда кушода буданд ва бо сабаби он ки ба бозпурсӣ ҳозир нашуд, маҷбурӣ боздошт карданд.Мақомот ӯро ба он муттаҳам карданд, ки рӯзи 29-уми октябри соли 2020 бо ҳамсари собиқаш Меҳрнигор Ризоева ва писараш Ҳабибулло Одинаев дар комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор "тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст".Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон боздошт шудМаҳмурод Одинаев он замон иддао дошт, ки баръакс кормандони комиссариати ҳарбӣ писарашро, ки суст мебинад, мехостанд маҷбурран ба артиш ҷалб намоянд.
https://sputnik.tj/20210128/Muovini-raisi-hizbi-sotsil-demkoratii-Tajikistan-ravonai-zindon-shud-1032716003.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/33/1030623316_231:0:2902:2003_1920x0_80_0_0_0feb8fe67039f90480513ddd442afe41.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, прокурор, шиканҷа, ҳсдт, ҳизби сосиал-демократи тоҷикистон, юсуф раҳмон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, прокурор, шиканҷа, ҳсдт, ҳизби сосиал-демократи тоҷикистон, юсуф раҳмон
Прокурори генералӣ лату кӯб шудани Одинаевро беасос хонд: “иғво аст”
11:12 02.02.2021 (Навсозишуда: 16:53 19.04.2021) Юсуф Раҳмон, додситони куллӣ кишвар хабар шиканҷа шудани Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро инкор кард
ДУШАНБЕ, 2 фев - Sputnik. Номбурда имрӯз зимни нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ки лату кӯби Одинаев ягон асос надорад.
Номбурда гуфт, "Гапи лату кӯб шудани ӯ дурӯғу, иғво аст".
Ба таъкиди додситони кул алайҳи муовини зиндоншудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи кишвар далелҳои кофӣ мавҷуд аст.
Ёдовар мешавем, додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал демкоратии Тоҷикистон ва яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро барои 14-сол равонаи зиндон кард.
Пас аз додгоҳ, Одинаев ба хабарнигорон гуфта буд, ки мавриди лату кӯб қарор гирифтааст.
Гуфта шудааст, ки додгоҳ Маҳмурод Одинаевро ба авбошӣ ва даъвати ом ба ифротгароӣ гунаҳкор донист, аммо худи ӯ ҳукми додгоҳро напазируфт. Раҳбарияти ҲСДТ ва наздикони Одинаев гуфтанд, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва ба зинаҳои болоӣ шикоят мебаранд.
Маҳмурод Одинаевро санаи 5-уми декабри соли гузашта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд.
Намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ба зидди ӯ 20-уми ноябр бо гумони "авбошӣ" парванда кушода буданд ва бо сабаби он ки ба бозпурсӣ ҳозир нашуд, маҷбурӣ боздошт карданд.
Мақомот ӯро ба он муттаҳам карданд, ки рӯзи 29-уми октябри соли 2020 бо ҳамсари собиқаш Меҳрнигор Ризоева ва писараш Ҳабибулло Одинаев дар комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор "тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст".
Маҳмурод Одинаев он замон иддао дошт, ки баръакс кормандони комиссариати ҳарбӣ писарашро, ки суст мебинад, мехостанд маҷбурран ба артиш ҷалб намоянд.