Парлумон мансаби нави собиқ роҳбари муваққати “Тоҷиксодиротбонк”-ро тасдиқ кард

© Sputnik / / Владимир ФедоренкоПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2021
Обуна шудан
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон фармонҳои раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди тағйироти кадрӣ дар умури бонкӣ ба тасвиб расонд
ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Парлумон таъйиноти Ёқубзода Мирҳаёт Миробидро ба мақоми муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба тасвиб расонд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2021
Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи меъморӣ: Эмомалӣ Раҳмон масъулинро ҷо ба ҷо кард
Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар ҷаласаи ахири парлумон зимни муаррифии Ёқубзода Мирҳаёт Миробид гуфт, ӯ солҳои 2011- 2015  дар мансабҳои гуногуни “Амонатбонк” фаъолият кардааст. Нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Зокирзода илова намуд, ки Ёқубзода аз соли 2015 дар Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Номи Мирҳаёт Ёқубзода чанд соли қабл замони таъйинаш ба мақоми роҳбари муваққати “Тоҷиксодиротбонк” ва қазияи марбути латукӯби як корманди ин бонк расонаӣ шуда буд. 
Инчунин Маҷлиси намояндагон фармони раисиҷумҳур дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин намудани Толибзода Фирдавс Назримадро тасдиқ кард.
Бино ба иттилои расмӣ, Толибзода Фирдавс, 15 сол аст, ки  дар мансабҳои гуногуни Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Лентаи хабарҳо
0