Даргузашти Мирзо Бекматови 97-сола, ахирон куҳансарбоз аз Кӯлоб

© пресс-служба Хатлонской областиВетеран войны и труда, общественный и государственный деятель Мирзо Бегматов
Ветеран войны и труда, общественный и государственный деятель Мирзо Бегматов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2021
Обуна шудан
Ҷанозаи Мирзо Бекматов, раиси собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб имрӯз соати 16:00 дар зодгоҳаш баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Мирзо Бекматови 97-сола, ахирон куҳансарбоз аз Кӯлоб даргузашт, хабар медиҳад вебгоҳи ҳукумати вилояти Хатлон.
"Имрӯз, дар рӯзи 78-умин солгарди торумори фашистон дар муҳорибаи Сталинград, собиқадори ҷангу меҳнат, шахсияти барҷаста, ходими давлатӣ, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб, охирин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Кӯлоб Мирзо Бекматов аз олам даргузашт", - менависад манбаъ.
Ҷанозаи марҳум имрӯз соати 16:00 дар шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад.
Мирзо Бекматов 22 августи соли 1924 дар деҳаи Зардолуваки ноҳияи Шӯроободи (ҳоло ноҳияи Шамсиддини Шоҳин) вилояти Хатлон дар оилаи деҳқон ба дунё омада, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1943-1945) мебошад.
Мансур Косимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2020
Даргузашти Мансурҷон Қосимов, куҳансарбози 103-сола дар Суғд
Соли 1950 баъд аз хатми Мактаби олии КМ ВЛКСМ дар  шаҳри Маскав бо дархости Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ баргашта, дар вазифаҳои гуногуни комсомолӣ, ҳизбӣ, фарҳангӣ кор мекунад.
Солҳои 1959-1964 ба сифати ҷонишини якуми раис, раиси Комиҷроияи шаҳри Кӯлоб, аз соли 1965 то соли 1974 котиби якуми  Кумитаи ҳизби оммунист  дар шаҳри Кӯлоб, солҳои 1974-1986 раиси Кумитаи назорати халқии вилояти Кӯлоб  кор кардааст.
Яке кушта шуд, дуюмӣ номи ӯро мегирад: саргузашти куҳансарбоз Искандар ки Александр шуд
Фаъолияти бисёрсолаи бенуқсон, хизматҳои Мирзо Бекматов дар назди Ватан аз ҷониби давлат бо мукофотҳои давлатӣ ва сипосномаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидааст.
Марҳум ду маротиба намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, инчунин вакили Шӯрои Олии СССР  интихоб гардида, ордени Инқилоби Октябр ва даҳҳо медалу ифтихорномаҳо дорад.
Соли 2001 шаҳрванди фахрии шаҳри Кӯлоб, соли 2002 соҳиби унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон гардид ва соли 2011 бо медали ҷашнии "20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мукофотонида шудааст.
Аз соли 1987 то имрӯз раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, узви Президиуми Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати Тоҷикистон ва узви Шӯрои собиқадорони ИДМ буд.
Ҷасади Раҷабов, куҳансарбози тоҷик, дар Зеленоград ёфт шуд: кӣ мешиносад?-видео
Ному насаби Мирзо Бекматов ба Китоби фахрии собиқадорони ҷанг дар Осорхонаи Поклонная Гора (Маскав,  Русия) дохил карда шудааст. Мирзо Бекматов "Шаҳрванди фахрӣ" — и Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Литва мебошад.
Чанд сол қабл ба Мирзо Бекматов рутбаи ҳарбии "Полковники гвардия" дода шуд.
Мирзо Бекматов якчанд маротиба дар Паради Ғалаба бар фашизм дар ҶБВ дар пойтахти Федератсияи Россия — шаҳри Москва иштирок дошт.
Соли 2010 ӯ Тоҷикистонро дар ҳайати вакилони собиқадори ҷанг аз ИДМ дар Франсия намояндагӣ кард. Бо даъвати ҷониби Франсия Мирзо Бекматов ба Париж сафар карда, дар чорабиниҳои бахшида ба 65-умин солгарди хатми Ҷанги дуюми ҷаҳон ширкат варзида буд.
Лентаи хабарҳо
0